Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду узви зиндонии ҲНИТ-ро баъди кумакхоҳӣ аз президент ба ШИЗО бурдаанд


Зубайдуллои Розиқ ба 25 сол ва Раҳматуллои Раҷаб ба 28 сол зиндон маҳкум шудаанд

Зубайдуллои Розиқ ва Раҳматуллои Раҷаб, ду узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба ШИЗО (ҳуҷраи ҷаримавии маҳбас) андохтаанд.

Пайвандонашон вазъро ба додхоҳии ошкорои онҳо аз президенти Тоҷикистон рабт медиҳанд, аммо масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия муҷозоти ахирро натиҷаи вайрон кардани тартибот дар зиндон мешуморанд.

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар паси дарвозаи маҳбаси шаҳри Ваҳдат истодааст ва мехоҳад, сабаби ба ШИЗО андохта шудани шавҳарашро фаҳмад. Ба нақли ӯ, Раҳматуллои Раҷаб 8-уми ноябр дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки “ҳардуи моро барои нома ба ШИЗО мебаранд.”

Билолиддин, писари Зубайдуллои Розиқ, низ гуфт, “ҳам падари ман ва ҳам Раҳматуллои Раҷаб шахсони солхӯрда ҳастанд. Шароити утоқи ҷаримавӣ беҳад сангин аст. Мехоҳем, ки онҳоро ба утоқҳои маъмулӣ баргардонанд.”

Масъулони зиндони нави шаҳри Ваҳдат ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд. Вале як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 11-уми ноябр ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллои Розиқ бе машварат бо масъулони зиндон ба номи президент мактуб фиристодаанд.

“Ин кори онҳо вайрон кардани тартибот дар маҳбас аст”, -- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Ду узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар аввали моҳи ноябри имсол аз раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки барои бозбинии парвандаашон "дар ҳузури коршиносону нозирони байнулмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ" мусоидат кунад. Ин нома аввал дар расонаҳои наздик ба мухолифин дар Аврупо нашр шуд.

Зубайдуллои Розиқ ва Раҳматуллои Раҷаб дар ин нома худро "гунаҳкорон"-и бегуноҳ хонда, навиштаанд, ки шаш сол боз паси панҷараҳои зиндон азият мекашанд. "Бар замми ин, бо тамғаҳои экстремисту террорист, хоинони миллату ватан таъна мешавем", -- гуфтаанд онҳо.

Ҳоло маълум нест, ки нома ба ҳукумат расидааст ё на.

Зубайдуллои Розиқ ба 25 сол ва Раҳматуллои Раҷаб ба 28 сол зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот онҳоро ба ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, дар моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор карданд.

Худи онҳо дар нома ба президент гуфтаанд, "ин ки моро дар исёни “Ҳоҷӣ-Ҳалим” ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо, Ҷаноби Олӣ, хубтар медонед, ки маншаи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд."

Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015, ки онро ошӯб меноманд, гунаҳкор карда, то кунун даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ намудаанд.

Раҳбарони ҳизб дар хориҷа даст доштани худро дар ҳодисаҳои шаш сол пеш рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" медонанд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG