Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруди изтирории ҳавопаймо ба сабаби бемории мусофири тоҷик дар Узбекистон


Як ҳавопаймои ширкати русии "Сибир", ки аз Маскав ба Қаршии Узбекистон мепарид, соати яки шаби 11-уми январ ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Урганҷ поин омадааст.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ин тасмимро ба сабаби бемор шудани як шаҳрванди Тоҷикистон гирифтанд, ки дар дохили ҳавопаймо буд ва ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ дошт.

Аз шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст. Мақомот гуфтаанд, маъмурони Ёрии таъҷилӣ ӯро ба бемористони Урганҷ бурданд.

Ҳавопаймои ширкати “Сибир” як соат дертар ба Қаршӣ рафтааст.

Аз ин пеш як ҳавопаймои Қазоқистон низ ба сабаби бад шудани вазъи саломати яке аз мусофирон ба таври изтирорӣ дар Урганҷи Узбекистон нишаст.

XS
SM
MD
LG