Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед:  Ҳар гуна ҳамлаи Эрон ба шаҳрвандони Амрико "паёмади ҷиддӣ" хоҳад дошт


Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико.
Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико.

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико рӯи якшанбеи 9-уми январ ҳушдор дод, ки ҳар гуна ҳамлаи Эрон ба шаҳрвандони амрикоӣ, бо "оқибатҳои сахт" рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин баёния дар вокуниш ба таҳрими 52 нафар аз мақомҳои Амрико аз сӯи Эрон ва таҳдидҳои такрор ба такрори Теҳрон ба хусус дар дувумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон, содир шудааст.

Дар оғози баёнияи Кохи Сафед омадааст, Эрон дар ҳоле ба таҳрими мақомҳои амрикоӣ даст задааст, ки "ниманизомиёни тарафдори Эрон ба ҳамлаҳои худ ба нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна идома медиҳанд ва ҳамзамон мақомоти эронӣ таҳдид мекунанд, ки дар хоки Амрико ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон амалиётҳои террористӣ анҷом медиҳанд".

Дар ин баёния инчунин омадааст, "агар Эрон ба кадом шаҳрванди мо, аз ҷумла 52 нафаре, ки рӯзи гузашта номашон бурда шуд, (дар феҳристи таҳримҳо) ҳамла кунад, бо оқибатҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Эрон чанд рӯз қабл дар дуввумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ гуфт, "бояд мутаҷовиз ва қотил, раиси ҷумҳури вақти Амрико, қассос ва бояд ҳукми Худо дар мавриди ӯ ҷорӣ шавад". Иброҳим Раиси таҳдид карда буд, ки агар Донанд Трамп, президенти пешин, Майк Помпео, собиқ вазири умури хориҷӣ ва дигар афроди ба гуфтаи вай, "ҷинояткор", муҳокима нашаванд, онҳо интиқом хоҳанд гирифт.

Дар идомаи баёнияи Кохи Сафед хитоб ба мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ таъкид шудааст, "иштибоҳ накунед, ИМА аз шаҳрвандони худ муҳофизат ва дифоъ мекунад ва ин масъалаи шомили касоне мешавад, ки акнун машғули хизмат ба Амрико ҳастанд ё дар гузашта хизмат карданд".

Кохи Сафед афзудааст, "мо амрикоиҳо дар бахши сиёсат бо якдигар ихтилофи назар дорем. Дар мавриди сиёсат дар баробари Эрон низ ихтилофҳои назар дорем. Аммо дар азми худ дар баробари таҳдидҳо муттаҳид ҳастем, дар дифоъ аз миллати худ муттаҳид ҳастем".

Дар поёни ин баёния омадааст, ки Амрико "бо муттаҳидон ва шарикони худ барои боздоштан ва посух ба ҳаргуна ҳамлае, ки аз сӯи Эрон анҷом шавад", ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ҳукумати Эрон рӯзи якшанбеи 9-уми январ эълон кард, 52 амрикоиро ба иттиҳоми "иштирок дар кушта шудани Қосим Сулаймонӣ", ба феҳристи таҳримҳои худ илова кардааст.

Сардори Ситоди муштараки артиши Амрико, фармондеҳи пешини фармондеҳии марказии артиши ИМА ва низ мушовири пешини амнияти миллӣ дар ҳукумати Доналд Трамп, афроди нав дар ин феҳрист мебошанд.

XS
SM
MD
LG