Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони фирории афғонистонӣ дар Туркия чӯпон шуданд. ВИДЕО


Муҳоҷирони афғон дар Туркия чӯпон шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Муҳоҷирони афғон дар Туркия чӯпон шудаанд

Чӯпонӣ дар байни муҳоҷирони афғон дар Туркия ба як пешаи серхаридоре табдил меёбад, чун пайдо карданаш осонтар аст.

Забеҳулло Афғон, ки аз ҷангу фақр аз Афғонистон гурехтааст, дар наздикии Анкара, пойтахти Туркия чӯпонӣ мекунад.

“Ман чаҳор сол боз аст, ки Туркия омадаам, як сол боз аст, чӯпонӣ мекунам. Кордиҳандаам хуб аст. 700 буз аст, ду нафар ҳастем, онҳоро мечаронем.”,--гуфт ӯ.

Агарчӣ теъдоди расмии паноҳҷӯёни афғон дар Туркия маълум нест, аммо тахмин мешавад, ки бештар аз 300 000 нафаранд. Аксарият, баъди омадани Толибон ба қудрат дар моҳи август, ба инҷо омадаанд. Чӯпонон мегӯянд, корашон сахт аст, вале музди кор бад нест ва тақрибан 300 долларро ташкил медиҳад.

Аббос Иброҳимӣ, паноҳӯи афғон гуфт: “Туркия омадем, барои коргарӣ, ба хотире, ки луқмаи нон ёбам, пул кор кунам ва ба Афғонистон равам. Барои худам кору зиндагӣ дуруст кунам. Бо вуҷуди онки ба сахтиву заҳмат инҷо омадем, вале ҳуқуқам хуб аст. 3000, ё 3300 лира медиҳад. Худоро шукр.”

Аммо на ҳама аз шароити кор розианд ва мегӯянд, аз ноилоҷӣ дар Туркия чӯпонӣ мекунанд. "Мо аз маҷбурӣ инҷо кор мекунем, агар маҷбур намебудам, мерафтам Афғонистон. Борон меборад, инҷо хеле сахт аст. Сард аст, хеле сард аст.”,--гуфт, Муҳаммад Раҳмон, паноҳҷӯи афғон.

Аммо аксарияти паноҳҷӯён мегӯянд, ба ин зудиҳо ба Афғонистон баргашта наметавонанд ва бахусус дар замоне, ки Толибон дар он ҳукумат мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG