Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико барои мошинҳои боркаш ронанда меҷӯянд. ВИДЕО


Амрико ронандаи мошини боркаш меҷӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Амрико ронандаи мошини боркаш меҷӯяд

“Ронандаи мошини боркаш зарур аст бо музди кори хуб.” Ингуна эълонҳо дар Амрико, ки 70 дар сади молу маҳсулоташ бо мошинҳои боркаш интиқол меёбад, зиёдтар мешавад.

Иттиҳодияҳои ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, ки ҳоло ба 80000 ронанда эҳтиёҷ аст. Юрий Шалак, ки 16 сол боз барои ширкати боркашӣ кор мекунад, мегӯяд, пандемия вазъро бадтар кард. “Синни миёнаи ронандагони мошинҳои боркаш 47 аст. Аз 60-сола боло бознишаста мешаванд. Ронандагони ҷавон ҳам ба кор намеоянд.”,--гуфт ӯ.

Юрий Шалак, дар Чикаго ширкат дорад ва 150 ронандаву соҳибони мошинҳои боркаш барояш кор мекунанд. Мегӯяд, ки дар ду соли гузашта ба сабаби афзоиши хариди онлайнӣ боркашӣ ҳам зиёд шуд, аммо шеваҳои боркашӣ ҳеч тағйир наёфтааст.

Давид Коррел, коршиноси соҳаи ҳамлу нақл мегӯяд, “вақти онҳоро тақрибан 40 дар сад бесамар истифода мебаранд. Шеваи барномарезии боргириву интиқол ва шеваи муносибат ба ронандагон, вақти зиёди онҳоро талаф мекунад.”

Реҷаи кори ронандагон чунин аст, ки аз 11 соат бештар ҳаққи ронандагӣ надоранд. Молро бояд зуд холӣ ва ё бор кунанд, дар акси ҳол, рӯзашон барҳадар меравад.

Стив Висчеллӣ, аз Донишгоҳи Пенсилвания гуфт, “ноумедӣ ва эҳсоси беэҳтиромӣ зиёд аст. Ронандагон дар бораи эҳтиром бисёр гап мезананд.”

Ронандагон дар Амрико ба ҳадди миёна дар як соат 25 доллар кор мекунанд, аз ин рӯ бисёриҳо ин корро имтиҳон мекунанд, вале на ҳама зиёд давом меоранд.

Омори Амрико нишон медиҳад, ки ронандагони ширкатҳои боркашӣ ҳар сол нав мешаванд. Яъне агар ронандае моҳи январ сар кард, як сол ҳам намемонад. Барои ҳамин моликони ширкатҳо сахт мекӯшанд, ки ронандагонро нигаҳ доранд.”,-гуфт Юрий Шалак, соҳиби як ширкати боркашонӣ.

Ҳукумати Байден умедвор аст, бо иҷрои барномаи омӯзишии нав барои ронандагон, аз ҷумла сарбозони собиқ, мушкили норасоии ронандагони мошинҳои боркашро кам мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, ин кор ба осонӣ муяссар намешавад.

Аммо вазъи ронандагони мустақил дигар аст. Дмитро Ҳнатюки украинӣ 13 сол боз ронанда аст.

Ӯ гуфт: “Ман ронандаи мустақилам, мошин аз худам аст. Ҳоло дар муқоиса бо солҳои гузашта вазъи ман дар воқеъ бисёр хуб аст. Соли гузашта аз назари боркашӣ яке аз баландтарин дар як даҳсолаи гузашта буд.”

Ҳнатюк мегӯяд, бо вуҷуди мушкилот аз кораш хурсанд аст, чун “музди маошаш аз маоши миёна дар Амрико ду то се мартаба баландтар аст.”

Ба эътиқоди мутахассисон, норасоии микрочипҳо барои истеҳсоли мошинҳои боркаш аз байн намераванд, аз ин рӯ дар ояндаи наздик пули интиқоли молу маҳсулот ва нархи ҳамин молу маҳсулот ҳам боло хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG