Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ зани тоҷикро бо гуноҳи "ҷанг дар Афғонистон" зиндонӣ кардаанд. Вакил розӣ нест. ВИДЕО


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ занро бо гуноҳи иштирок дар ҷанг дар Афғонистон ба зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот ба таври расмӣ тафсилоти парвандаҳоро ошкор намекунанд. Манобеи огоҳ аз парвандаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин занонро тобистони соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда буданд. Онҳо асосан ба ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон гунаҳкор шуда, вале вакилони мудофеъ ва худашон рад кардаанд.

Дар ҳоле, ки мақомот маълумот намедиҳанд, Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми январ номи ин занон ва ба чанд сол зиндон маҳкум шудани онҳоро маълум кард.

  • Нозия Арбобова – 14 сол;
  • Наргиза Ҳалимова – 14 сол;
  • Фарида Маҷидова – 14 сол;
  • Дилафрӯз Ризоева – 12 сол;
  • Олима Камолова – 12 сол.

Манобеи огоҳ гуфтанд, занон рӯзи 8-уми июли соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод ва моҳҳои сентябр-октябри соли 2021 ба зиндон маҳкум шуданд. Ҳукми онҳо аз сӯи додгоҳҳои шаҳри Душанбе, ноҳияи Синои пойтахт ва шаҳри Ваҳдат содир шудааст.

Достони Олима

Аз миёни панҷ зани тоҷик, ки ба иштирок дар ҷангҳо дар Афғонистон гунаҳкор шудаанд, номи Олима Камолова расонаӣ шуда буд. Додгоҳи шаҳри Ваҳдат моҳи сентябри соли гузашта ӯро ба 12 сол зиндон маҳкум кард. Додрас Хайрулло Ҳабибуллозода ҳангоми қироати ҳукм гуфт, Олима Камолова ба "ширкат дар ҷангҳои кишварҳои дигар" (моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста шуд. Наздиконаш мегӯянд, Олима Камолова ҳеч гоҳ дар ҷангҳо ширкат надошт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ шикояти кассатсионии Олима Камоловаро рад кард ва ҳукми зинаи аввалро бетағйир гузошт. Мақомот Камоловаро ба он гунаҳкор кардаанд, ки дар охири соли 2015 ҳамроҳи шавҳараш аз Русия аввал ба Озарбойҷон ва аз онҷо ба Теҳрон ва сипас ба Кобулу Нангарҳор рафтааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳукми Олима Камолова тағйир наёфт. Наздикони ин зани муттаҳам бо узвият дар "ДОИШ" нороҳатанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Дар парвандаи ин сокини шаҳри Ваҳдат ҳамчунин омадааст, ӯ дар ҳайати гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон ҷангидааст. Шабнами Искандар, вакили мудофеи Олима Камолова, рӯзи 7-уми январи имсол айбномаи мақомотро беасос номид ва гуфт, "парванда ва муҳокимаи додгоҳ формалӣ ва якранг буд".

Вакил: Шавҳараш таҳдид кардааст

Вакил афзуд, мақомот ҳеч далеле наёфтаанд, то собит кунанд, ки зерҳимояи ӯ дар ҷангҳои Афғонистон ширкат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, "шавҳараш соли 2015 Олима Камоловаро бо баҳонаи муолиҷаи пойи духтараш ба Эрон мебарад. Дар Теҳрон мегӯяд, барои зиёрати мазор бояд ба Афғонистон раванд. Олима худдорӣ мекунад, вале шавҳараш таҳдид мекунад, ки ҷавобатро медиҳам. Аз тарс розӣ мешавад," – нақл кард Шабнами Искандар.

Мустақилона тасдиқ кардани ин ҳарфҳо ғайриимкон аст. Мақомот тафсилот намедиҳанд.

Олима Камолова 8-уми июли соли гузашта бо чаҳор фарзандаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ба гуфтаи наздиконаш, мақомот то ҳол фарзандони Камоловаро барои нигоҳубин ба онҳо надода, дар кӯдаконистони давлатӣ нигоҳ медоранд.

Гуруҳе дар Ироқ, қисме дар Сурия

Дар Афғонистон шохаи “Хуросон”-и гуруҳи ба номи “Давлати исломӣ” фаъол аст. Баъд аз соли 2015 ва шикасти ин гуруҳи тундрав дар Сурия ва Ироқ чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба Афғонистон рафта, ба ин гуруҳ пайвастаанд.

То ин дам чанде аз занони тоҷик бо ҷурми узвият ва ҳамкорӣ бо ДОИШ аз сӯи додгоҳҳо дар Ироқ ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд. Аммо зиндонӣ шудани панҷ зан бо гуноҳи ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи камсобиқа аст.

Гуруҳи дигари занон аз Тоҷикистон баъд аз шикасти ДОИШ ба дасти нерӯҳои курд афтода, дар урдугоҳҳо дар Сурия нигоҳдорӣ мешаванд. Онҳо чанд дафъа аз шароити сангин дар паноҳгоҳҳо шикоят карда, аз давлати Тоҷикистон хостаанд, онҳоро ба кишвар баргардонад. Мақомот ваъдаи бозгардондани онҳоро кардаанд, вале нагуфтанд, ки кай.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG