Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олима хостааст, ӯву фарзандонашро аз зиндони Кобул ба Ваҳдат баргардонанд


Се зани зиндонии афғон, ки дар як боздоштгоҳе дар Кобул нигаҳ дошта мешаванд. Акс аз 30-уми марти соли 2010 аст.
Се зани зиндонии афғон, ки дар як боздоштгоҳе дар Кобул нигаҳ дошта мешаванд. Акс аз 30-уми марти соли 2010 аст.

Як зани 29-солаи тоҷик, ки бо се фарзандаш дар зиндоне дар Афғонистон нигаҳ дошта мешавад, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ӯро ба зодгоҳаш баргардонанд. Номае бо чунин дархост аз Олима Камол, сокини шаҳри Ваҳдатро Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх чанде пеш ба бародараш Сулаймон Камолов расонидааст.

Сулаймон Камолов рӯзи 6-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нусхаи электронии номаро охири моҳи феврал ба ӯ фиристодаанд. Дар ин номаи дастнавис аз рӯзи 27-уми январ, ки Сулаймон Камолов нусхае аз онро ба Радиои Озодӣ фиристод, омадааст: “Ман дар маҳбаси Афғонистон қарор дорам, ман се моҳ пеш ба ҳукумати Афғонистон таслим шудаам, барои озодии ман кӯшиш кунед, тавассути сафорати Т-н (Тоҷикистон) дар Афғонистон.”

Олима Камол ба гуфтаи бародараш аз Сурия ба Афғонистон баргаштааст, вале ӯ намедонад, ки чӣ гуна хоҳараш худро аз Ховари Миёна ба Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон расонидааст. Олима Камол дар номааш гуфтааст, ки аҳволи ӯ ва кӯдаконаш хуб аст ва мехоҳад, ҳар касе аз аҳли хонавода, падар ё бародараш, номаро бигирад, ба ӯ ҷавоб гардонад. Дар маълумотномае, ки Олима Камол барои Салиби Сурх пур кардааст, омадааст, ки ӯ сокини кӯчаи Хуросони шаҳри Ваҳдат аст ва дар зиндони Пули Чархӣ дар Кобул нигаҳ дошта мешавад.

Сулаймон Камолов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз гирифтани нома, хешовандонаш ба мақомоти интизомӣ, муроҷиат кардаанд, то дар баргардонидани хоҳараш мусоидат кунанд. Ӯ афзуд: “Моҳи феврал ба мо маълумот расид, ки он кас дар маҳбаси Пули Чархӣ аст ва ба амнияти Афғонистон таслим шудааст. Ӯ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат мекунад, ки барои халосӣ ва ба ватан баргардондан, дасти кӯмак дароз кунанд.”

Мақомот мегӯянд, дархост беҷавоб намемонад

Як дипломати тоҷик дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иҷрои дархости зани тоҷик марҳила ба марҳила сурат мегирад ва “сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон дархости ҳеҷ яке аз шаҳрвандонро бе ҷавоб намегузорад.” Ба гуфтаи Сулаймон Камолов, хоҳараш соли 2015 бо шавҳараш Парвиз ба шаҳри Екатеринбурги Русия рафтааст ва баъд аз муддате дигар ҳеҷ хабаре аз ӯ надоштанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Баъди рафтан ба Русия аз амният ба мо гуфтанд, ки ӯ дар Сурия аст ва баъдан иттило доданд, ки шавҳараш низ дар ҷанг кушта шудааст ва худаш дар дасти афроди номаълум аст.” Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ҳуввияти дақиқи Парвиз шавҳари Олима Камол ва аз куҷо буданашро маълум кунад, аммо дар феҳрасти ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афроди муттаҳам ба терроризм 8 номи Парвиз ҳаст.

Баъд аз зуҳури гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ ҳазорон ҷавони тоҷик ба ин ду кишвар рафтанд ва садҳо нафари онҳо зану кӯдаконашонро бо худ бурданд. Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон моҳи феврал гуфт, ки дар қаламрави Сурия 219 нафар занону кӯдакони тоҷик қарор доранд, ки омодаанд ба ватан баргарданд. Дар ду соли гузашта мақомот чанд зани тоҷикро бо кӯдаконашон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргардондаанд.

XS
SM
MD
LG