Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Карим Масимов, яке аз ёрони Назарбоев


Карим Масимов
Карим Масимов

Карим Масимов, яке аз ёрони дерини Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон, бо гумони хиёнат ба давлат дастгир шудааст. Хабари боздошти ӯро рӯзи 8-уми январ дар Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон тасдиқ карданд.

Дар баёнияи расмӣ омадааст, "рӯзи 6-уми январ тафтишот бар асоси моддаи хиёнат ба давлат шуруъ шуд. Ҳамон рӯз бо гумони содир кардани ин ҷиноят Масимов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ ва шахсони дигар дастгир карда шуданд."

Масимови 56-сола моҳи сентябри соли 2016 раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъин шуда буд. Ӯ ҳафт сол дар мансаби сарвазири Қазоқистон ҳам кор кардааст.

Рӯзи 6-уми январ маълум шуд, ки Карим Масимов аз мансаби раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон барканор шудааст.

Тағйири раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар пайи идомаи эътирозҳо дар гӯшаҳои гуногуни ин кишвар ва оғози "амалиёти вижаи зиддитеррористӣ" дар Алмаато сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG