Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой"-и Душанбе


Субҳи рӯзи ҷумъа дар тарабхонаи маъруфи "Яккасарой" воқеъ дар канори дарёи Душанбе ва наздикии бинои "Шарқи Озод", сӯхтор ба амал омад. Мошинҳои зиёди сӯхторхомушкунӣ ба ҷои ҳодиса омада, талош доранд алангаи оташро хомӯш кунанд. То кунун сабабҳои сӯхтор маълум нест ва зиёни бархоста аз ин оташсӯзӣ ҳануз эълон нашудааст. Тарабхонаи "Яккасарой" яке аз бузургтарин тарабхонаҳои Душанбе буда, барои гузарондани тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якуми ин бино мағозаи фурӯши мебел ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG