Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурияти президенти Қирғизистон ҳодисаҳои Қазоқистонро шарҳ дод


Шаҳри Алмато.
Шаҳри Алмато.

Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев ҳаводиси ҷорӣ дар Қазоқистонро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти Қирғизистон ҳодисаҳои ахири Қазоқистонро пайгирӣ мекунад. "Ҷониби Қирғизистон умедвор аст, роҳи дуруст ва ба ҳамдигар қобили қабул, ки ба манфиати мардуми қазоқ ва ояндаи Қазоқистон нигаронида шудааст, пайдо мешавад", - афзуд Султонбоев.

Рӯзи 2-юми январ эътирозҳо алайҳи афзоиши нархи гази моеъ дар Жанаозен оғоз шуд ва сипас дар Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент ҳамовозӣ ёфт.

Рӯзи 4-уми январ комиссияи ҳукуматӣ бо супориши раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки талаби норозиёнро иҷро хоҳад кард. Пас аз се рӯзи эътирозҳо, президент Тоқаев ҳукуматро барканор, танзими давлатии нархҳоро ҷорӣ ва дар се минтақа вазъияти изтирорӣ эълон кард, аммо эътирозҳо идома ёфтанд.

Ҳоло дар саросари Қазоқистон вазъияти фавқулода ҷорӣ шуда, мақомот барои саркӯби ба гуфтаашон “таҳдиди террористӣ” аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ёрӣ хостаанд.

XS
SM
MD
LG