Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сон Хин Мин аз рӯи фарзияи "Fox Sports Asia" беҳтарин футболбози Осиё шуд


Сон Хин Мин, ҳамлагари 29-солаи бошгоҳи «Тоттенҳэм Хотспур»-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2021, ки онро нашрияи варзишии интернетии "Fox Sports Asia» таъсис додааст, эълон гардид. Барои ин ҷоиза 24 бозигар довталаб буданд. Дар ин бора сомонаи «Fox Sports Asia» хабар додааст.

Сон Хин Мин 242 имтиёз гирифт. Ӯ барои панҷумин бор пайиҳам ин ҷоизаро ба даст овард. Сардор Озмун, ҳамлагари эронии бошгоҳи «Зенит»-и Санкт-Петербурги Русия, ки нисбат ба ғолиб 131 имтиёз камтар гирифт, мақоми дувумро касб намуд. Меҳдӣ Торимӣ, ҳамлагари эронии бошгоҳи «Порту»-и Португалия, бо 60 имтиёз мақоми севумро касб намуд.

Дар раъйдиҳӣ намояндагони нашрияҳои бузургтарини қораи Осиё иштирок карданд. Вале ин ҷоиза ба ҷоизаи «Футболбози сол дар Осиё», ки онро AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) месупорад, ҳеҷ гуна алоқамандӣ надорад.

XS
SM
MD
LG