Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фаронса намуди нави коронавирус ошкор шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Донишмандони Пажӯҳишгоҳи бемориҳои сироятии Марсел дар Фаронса намуди нави коронавирусро ошкор кардаанд.

Дар ин бора расонаҳои Фаронса хабар дода, вале дар бораи хатари намуди мазкур ва суръати паҳншавии он чизе нагуфтаанд. Намуди нави коронавирус дар сайёҳоне ошкор шудааст, ки аз Камерун ба Фаронса баргаштаанд.

Дар Фаронса рӯзҳои охир шумори рекордии мубталоёни нав ба коронавирус – беш аз 200 ҳазор маврид дар як шабонарӯз – сабт карда мешавад. Пизишкон афзоиши шумори мубталоёнро ба навъи "омикрон" рабт медиҳанд, ки бори аввал дар Африқо ошкор шуда, суръати паҳншавияш хеле зуд мебошад.

Мақомоти Фаронса барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус маҳдудиятҳои навро ҷорӣ мекунанд. Порлумони ин кишвар қонунеро баррасӣ мекунад, ки рафтан ба тарабхона, кинотеатр ва саёҳатро бе шаҳодатномаи ваксина манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG