Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол барои Маҷлиси намояндагон 2 миллион доллар харҷ мешавад


Бино ба иттиллои расмӣ, соли 2022 барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва сохторҳои он дар умум бештар аз 21 миллиону 100 ҳазор сомонӣ харҷ мешавад.

Дар ҷаласаи охирини палатаи поёнии порлумон дар рӯзи 29-уми декабр, ҳангоми баррасии хароҷоти соли нав гуфтанд, ки мувофиқи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барон соли 2022» барои Маҷлиси намояндагон ва сохтори он 21 155 200 сомонӣ (андаке бештар аз 2 миллион доллар) ҷудо шудааст.

Дар ин ҷаласа, Ҷамшед Муртазозода - раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор гуфтааст, барои маоши маъмурони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ки 118 нафар 717 000 сомонӣ ва барои ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ, ки 162 нафарро ташкил медиҳанд, 124 000 сомонӣ пешниҳод шудааст.

Дар Тоҷикистон иттилло дар бораи сарфу харҷи ниҳодҳои давлатӣ бисёр кам нашр мешавад ва аз ин назар мақомоти расмӣ ба пинҳонкорӣ ва ношафофӣ дар корашон дар расонаҳо танқид мешунаванд.

XS
SM
MD
LG