Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба ду мавзеи тундравони фаластинӣ зарба задааст


Акс аз муноқишаи соли 2014 байни фаластиниён ва Исроил аст.
Акс аз муноқишаи соли 2014 байни фаластиниён ва Исроил аст.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил мавзеъҳои гуруҳҳои тундравро дар Навори Ғазза ҳадаф гирифтаанд ва баъди онки аз як минтақаи фаластиниён ба Исроил мушак андохтаанд.

Артиши Исроил рӯзи 2-уми январ дар Твиттер хабар дод, ки зарбаҳои мушакӣ ба манотиқи таҳти контроли Ҳамос посух ба ду мушаке буд, ки аз Навори Ғазза партоб шуда ва Баҳри Миёназамин дар наздикиҳои Тел Авив фуруд омадаанд.

Ба гуфтаи артиши Исроил, онҳо ба як коргоҳи мушаксозӣ ва посгоҳи низомии Ҳамос зарба задаанд. Гузорише дар бораи талафот нарасидааст. Маълум нест, ки ҳадафи мушакҳои партобшуда аз Навори Ғазза Исроил будааст, ё не. Созмони Ҳамосро Исроил, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ мешуморанд.

XS
SM
MD
LG