Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоккейбозони рус ва чехро аз ҳавопаймо берун кардаанд


Тимҳои хоккейи навҷавонони Русия ва Чехияро ба сабаби риоят накардани муқаррарот аз як ҳавопаймои Канада берун кардаанд. Қарор буд, онҳо қабл аз Соли нав парвоз кунанд, вале ба сабаби напӯшидани ниқоби тиббӣ ба аъзои ҳарду даста амр додаанд, ки аз ҳавопаймо берун шаванд.

Дар ин бора пулиси шаҳри Калгари рӯзи 1-уми январ хабар дод. Дар баёнияи пулис гуфта нашудааст, ки кадоме аз бозигарон меъёрро риоят накардааст. Ҳарду даста барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии навҷавонон ба Канада рафтанд, аммо бозиҳо ба сабаби авҷ гирифтани сирояти коронавирус баргузор нашуд.

Сергей Зубов, мураббии тими Русия ба нашрияи “Известия” гуфтааст, ки варзишгаронро ба сабаби напӯшидани ниқоб аз ҳавопаймо берун кардаанд. Ба навиштаи расонаҳои Русияву Канада худи Зубов, яке аз онҳое будааст, ки бо сигоркашӣ дар дохили ҳавопаймо меъёрро риоят накардааст.

Отакар Черни, яке аз масъулоти тими миллии Чехия гуфтааст, бозигарони онҳоро ба сабаби монанд будани пироҳанҳояшон бо пироҳанҳои бозигарони рус аз ҳавопаймо берун кардаанд, ҳарчанд онҳо ҳеч муқарраротеро помол накарда буданд.

Отакар Черни гуфтааст, ки ширкати Эйр Канада барои ин нофаҳмӣ аз онҳо узр пурсида ва барояшон меҳмонхона ва ҳавопаймо ба Франкфурт пешниҳод кардааст. Тими Русия бояд бо ҳавопаймои баъдӣ ба хона баргардад.

XS
SM
MD
LG