Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро ёфтаанд. Муҳаммадҷон Қурбонов кист?


Деҳае дар ноҳияи Хоҳони Афғонистон. Акс аз ҳудуди Тоҷикистон бардошта шудааст.
Деҳае дар ноҳияи Хоҳони Афғонистон. Акс аз ҳудуди Тоҷикистон бардошта шудааст.

Шахсияти ҷасаде, ки Толибон дар ҳудуди Хоҳони Афғонистон, дар рӯ ба рӯи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон, ёфта, ба марзбонҳои тоҷик супурда буданд, маълум шудааст. Манобеи расмӣ гуфтанд, ӯ Муҳаммадҷон Қурбонов аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аст. То ба ҳол иллати марги шаҳрванди Тоҷикистон маълум нест. Мақомот ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ҳафтаи гузашта корбарони афғонистонии шабакаҳои иҷтимоӣ акси як ҷасад ва шиносномаи тоҷикиро бо ному насаби “Кароматулло Қурбонов” нашр карданд. Онҳо иддао карданд, ки ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шудааст.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро Толибон ба марзбонони тоҷик супурданд ва маълум шуд, ки нафари зоҳиран ғарқшуда Муҳаммадҷон Қурбонов, сокини 18-солаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аст. “Шиносномае, ки бо номи “Кароматулло Қурбонов” аз ӯ пайдо шуд, ба бародари 29-солааш тааллуқ дорад,” -- шаҳр дод мусоҳиби мо.

Бародарон, Муҳаммадҷон ва Кароматулло, дар охири моҳи октябри соли 2021 аз Русия баргашта будаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, онҳо рӯзи 21-уми декабр ба наздикони худ гуфтаанд, ки ба шаҳри Кӯлоб мераванд, аммо ба ноҳияи Дарвози вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳаммарз бо Афғонистон, сафар кардаанд.

Ҳанӯз аз Кароматулло Қурбонов, бародари Муҳаммадҷон хабаре нест. Наздикони ду ҷавон қазияро шарҳ надоданд. Ин дар ҳолест, ки манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфт, фарзияи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав дар он сӯи марз низ таҳқиқ мешавад.

“Бародари калонии ин ду ҷавон бо гумони шомил будан ба созмонҳои ифротӣ ҷустуҷӯ мешавад. Ягон сабаби мантиқии сафари онҳо ба Дарвоз пайдо нашуд. Онҳо дар онҷо на хешу табор, на дӯст ва на коре доранд. Аз ин рӯ, фарзияи талоши убури марз барои пайвастан бо гурӯҳҳои тундрав тафтиш мешавад,” -- гуфт як манбаъ аз мақомоти тафтишотӣ, ки нахост номаш зикр шавад.

Маконе дар он сӯи марз, ки ҷасади ин ҷавон пайдо шуд, дар рӯ ба рӯи деҳаи Анҷироби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) ҷойгир аст.

Тобистони соли гузашта нерӯҳои Толибон назорат бар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ба даст гирифтанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар он сӯи марз ҷангҷӯёни гурӯҳҳои тундрав ба монанди “Ансоруллоҳ” ва “Ҳаракати исломии Узбекистон” амал мекунанд, ки дар сафашон даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

Мақомот назорати марзро тақвият бахшида, борҳо дар наздикиҳои сарҳад бо Афғонистон тамрини низомӣ анҷом доданд.

Толибон моҳи августи соли 2021, пас аз ду даҳаи пошхӯрии ҳокимияти аввалаашон дигарбора Афғонистонро тасарруф карданд. Онҳо бо ташкили, ба гуфтаашон, аморати исломӣ аз кишварҳои ҳамсоя ва дур хостаанд, ки низоми онҳоро ба расмият бишиносанд.

Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳанӯз ҳокимияти Толибонро расман қабул накардаанд. Душанбе бештар хоҳони "ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон" дар Афғонистон аст. Кишварҳои ғарбӣ бештар бар сари мурооти ҳуқуқи одамон, бахусус занону духтарон, озодии расонаҳо ва кафолати ба макони ҷангҷӯён табдил нашудани Афғонистон таъкид доранд.

XS
SM
MD
LG