Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корея-да, фарқаш чӣ?" Мансабдорони тоҷик чӣ гуфтанд ва чӣ шуниданд? ВИДЕО


Самариддин Ализода ҳангоми гирифтани ваксина
Самариддин Ализода ҳангоми гирифтани ваксина

Баъзе аз мансабдорони тоҷик ҳар сол ибораву истилоҳҳои хато ё аҷибу хандаовареро мегӯянд, ки номи онҳоро чанд муддат вирди забонҳо мекунад. Аксар мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, дар соли 2021 суханҳои муовини инак пешини вазири тандурустӣ дар мавриди ду Корея дар ёдашон мондааст.

Самариддин Ализода, муовини собиқи вазири тандурустии Тоҷикистон, моҳи март, ҳангоми муаррифии ваксинаи AstraZeneca, Кореяи Ҷанубиро бо Кореяи Шимолӣ омехта кард, вале ҳангоми эроди хабарнигорон гуфт, "хайр, Корея-да, охир. Ғам додӣ. Фарқаш чӣ."

Журналист Далери Имомалӣ мегӯяд, "то куҷо ин воқеият дорад, вале баъд аз ин ӯ аз ин вазифа барканор карда шуд. Намедонам, мутаассифона ё хушбахтона." Як мақоми Вазорати тандурустӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби асосии барканории Ализода "бетайёрӣ ҳозир шудан ба муаррифии ваксинаи AstraZeneca будааст."

Порае аз нишасти хабарии муовини вазир, ки баҳс барангехт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00

Хабарнигор Ёқуб Ҳалимов изҳороти Ализодаро "ҳарфи аҷибтарини сол" номид ва гуфт, "муовини пешини вазири тандурустии Тоҷикистон ду Кореяро натавонист, аз якдигар фарқ кунад... Ҳарчанд ӯро аз мақом барканор карданд, ҳамоно шахсоне, ки на танҳо Корея, балки харитаи дунё ва зиндагии одамонро омехтаву махлут мекунанд, сари вазифа ҳастанд."

Набудани адолат "гапи хушку холист"?

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, суханони Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлобро дар мавриди "набудани адолати додгоҳӣ" "гапи хушку холӣ" номид.

Раиси Додгоҳи олӣ 8-уми феврали соли 2021, ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе, гуфт, "Баҳром Иноятзода ҷиноят содир кардааст, ин ба набудани адолати судӣ чӣ алоқамандӣ дорад? Ин даъвои беасос ва гапи хушку холӣ аст. Дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳаст ва ба пуррагӣ таъмин аст."

"Табобат -- бепул"?

2021 соли дуюми пандемияи коронавирус буд. Дар ин муддат хабарҳо аз Вазорати тандурустӣ ба монанди як сол пеш фаъолона пайгирӣ карда мешуд. Дар нишасти матбуотии 12-уми феврал изҳороти вазир Ҷамолиддин Абдуллозода, ки гуфт, "табобат дар Тоҷикистон ройгон аст", баҳси зиёде барпо кард.

"Бо боварӣ гуфта метавонам, ки табобат аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон пурра ройгон таъмин шудааст. Ин гуфтаи маро ҳар як сартабибе, ки дар инҷо нишастааст, тасдиқ карда метавонад," -- гуфт ӯ. Вале бисёре аз сокинон дар шабакаҳо навиштанд, ҳарчанд бистарӣ шудан дар шифохонаҳои Тоҷикистон ройгон буд, таъмини дору ба дӯши беморон буд.

Ҷамолиддин Абдуллозода: Табобат пурра ройгон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:16 0:00
Линки мустақим

"Бо номи худ нависед, то "фермаи ҷавоб" нагӯянд"

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мизи гирде дар идораи рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” аз кори зиёиён норозигӣ кард, ки ба гуфтааш, барои посух гуфтан ба мунтақидони ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестанд. Ӯ гуфт, "аз номи худ ҷавоб гӯем, то рақибонамон нагӯянд, ки ин ҳамаро "фермаи ҷавоб" омода кардааст." Ин аз мавридҳои камшуморе буд, ки аз забони як мансабдори баландпояи тоҷик ибораи "фермаи ҷавоб" садо дод.

Маршировка – "баҳси хасакӣ"?

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, танқиди журналистонро дар бораи маршировкаи донишҷӯён “як чизи хасакӣ” номид. Ӯ 16-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, ба танқидҳо аз машқу раҳпаймоиҳои идона ва аз дарс дур мондани донишҷӯён гуфт: “Ин қадар мушкиле, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, касе намешунавад. Бачаҳо омада, машқ мекунанд, мераванд, пагоҳӣ футбол бозӣ мекунанд. Пеши роҳи онҳоро ҳам бигирем? Як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс, на ба низоми таълим халал намерасонад, берун аз дарс аст."

"Сари аъзои ҳукумат дард кунад, ба хориҷа мераванд”

Рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонааш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба камбуди мутахассисони тиб ва ҳам мушкили эътимод ба кадрҳои миллӣ дар бемористонҳои кишвар ишора кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: "Сари аъзои ҳукумат дард кунад, ба хориҷа мераванд, эътиқод ба мутахассисони худ надорем".

Дар гузашта матбуот чандин гузориш нашр кардааст, ки бино бар он, вазирону мансабдорони дигар барои ҷарроҳӣ ва ҳатто муоинаҳои оддӣ ба беморхонаҳои Русияву Олмон ва Ҳинду Исроил муроҷиат мекунанд.

XS
SM
MD
LG