Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи бонувони Украинаро ба артиш мебаранд? ВИДЕО


Дар Украина фармоне ҳукми иҷро гирифт, ки бар асоси он бояд занони соҳиби касбу кори гуногун худро дар комиссариатҳои тиббӣ сабти ном кунанд, то дар сурати зарурат онҳоро низ ба ҳимояти ватан сафарбар намоянд. Фармон моҳи октябр қабул содир шудааст, аммо ҷомеаро аз он ҳафтаи гузашта огаҳ карданд.

Вазорати дифои Украина мегӯяд, шарт нест, ки ҳамаи занон аз ҳоло ба комиссариатҳои низомӣ шитобанд, зеро муҳлати сабти ном то охири соли 2022 аст. Валерий Кутсенко, фармондеҳи маркази сафарбарии Киев мегӯяд, "ҷалби ин қадар занон ба хидмат барои кишвари мо нав аст. Аммо бояд бигӯям, ки сабти номи низомӣ ва хидмати ҳарбӣ ду чизи гуногун аст".

Бар асоси фармон, бонувони табиб, ҳуқуқшинос, оҳангсозу, муҳосиб ва соҳибони бештар аз 100 касбу кор бояд дар қайди комиссариати ҳарбӣ бошанд. Ба гуфтаи Наталя Воронкова, мушовири муовини вазири дифои Украина, ба ғайр аз омӯзгорони синфҳои ибтидо, роҳибҳо, раққосаҳои клубҳои шабона, дигар ҳама дар феҳраст ҳастанд. "Барои ҳамин ҳамакаса шиносномаву шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаҳои таваллуди кӯдаконро гирифта ба комиссариати ҳарбӣ меравем",-афзуд ӯ.

Виктория Войтситская, вакили пешини порлумон ин корро кардааст ва мегӯяд, "аз ман пурсиданд, ки куҷо хондаам. Гуфтам, ки ду диплом дорам, бонкдорӣ ва молия. Гуфтанд, дар воқеъ ба мо муҳосиб зарур аст. Аз дидани шумо хурсанд мешавем".

Ҳамаи бонувони Украинаро ба артиш мебаранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Татяна Осипович, дар соҳаи филмбардорӣ кор мекунад. Ҳоло санадҳояшро барои сабти ном ҷамъ накардааст, вале мегӯяд, ин корро ҳатман мекунад. Айни замон ба дуруст ҷараён гирифтани сабти ном бовар надорад. "Бовар дорам, ки инро барои намоишкорӣ мекунанд. Аввал як ҳангома барпо мешавад, ки чаро занон бояд ҷанг кунанд. Баъдан одамон аз ҳисоби додани санад пул кор мекунанд, баҳона меҷӯянд",- мегӯяд Татьяна Осипович.

Дар Украина то замони қабули фармони нав фақат занонеро ба қайди ҳарбӣ мегирифтанд, ки кафедраи низомиро хатм кардаанд, ё сарбози қарордодӣ буданд. Теъдоди онҳо 10 ҳазор нафар буд.

Дар вазорати дифои Украина мегӯянд, шарт нест, бонувони украинӣ якҷоя ба комиссариатҳои ҳарбӣ юриш баранд. Ҳамаро ба навбат сабт мекунанд, вале даъват ба артиш танҳо дар як ҳолат сурат мегирад. "Фақат дар замони ҷанг, на танҳо ин занон, шояд тамоми аҳолии Украина сафарбар шавад",- мегӯяд Наталя Воронкова, мушовири муовини вазири дифои Украина.

Маълум нест, чӣ қадр бонувони Украинаро дар комиссариатҳои низомӣ сабти ном мекунанд, вале мегӯянд, ин кор ҳеч робитае ба эҳтимоли ҳамлаи Русия ба Украина надорад. Ҳадаф баробарии зану мард ва ба сатҳи Аврупо ва меъёрҳои НАТО баробар кардани меъёрҳои хидмат дар кишвар аст.

XS
SM
MD
LG