Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон хабари ёрии молӣ ба муҳоҷиронашро рад кард


Муҳоҷирони узбек дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони узбек дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон хабарҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гуё ба муҳоҷирони кории ин кишвар дар Русия ёрии молии якдафъаина дода мешавад, рад кард.

Дар изҳороти оҷонс омадааст, хабари бо фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳар муҳоҷирони кории ин кишвар дар Русия додани 9 539 рубли русӣ (132 доллари амрикоӣ) ҳақиқат надорад.

Манбаъ афзудааст, ин гуна хабарҳо гуё ба хотири "ба гумроҳӣ бурдани ҷомеа" паҳн карда мешаванд.

Бино ба иттилои оҷонс, муҳоҷирони кории Узбекистон, ки дар вазъияти душвор қарор мегиранд, барои дарёфти ёрии молӣ метавонанд, тавассути сомонаи "birgamiz.com" муроҷиат кунанд ва барои дарёфти ин кумак ҳеч гуна пардохте ҳам пешбинӣ карда нашудааст.

XS
SM
MD
LG