Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Алмато лату кӯби кӯдакон дар боғчаро таҳқиқ кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Департаменти пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон иттилоъ дод, ки таҳқиқи лату кӯби кудакон аз сӯи мураббиро дар яке аз боғчаҳои шаҳр оғоз кардааст

"Роҷеъ ба лату кӯби кудакон дар боғча парвандаи ҷиноӣ боз ва дар доираи тафтишот ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба тафтиш шуда, ба амали мураббӣ баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Аммо манбаъ нагуфтааст, ки ин ҳодиса дар кадом боғчаи Алмато рух додааст.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, дар яке аз боғчаҳои Алмато муррабӣ кудаконро лату кӯб мекунад. Ӯ аз мӯй ва гӯши кӯдакон кашида, онҳоро озору азият медиҳад.

XS
SM
MD
LG