Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 16 паноҳҷӯ дар обҳои аҳри Эгей тасдиқ шуд


Ин паноҳҷӯён аз Афғонистон ба Юнон расидаанд. Роҳи онҳо ба ҷазираи Лесбос тавассути Туркия сурат гирифт. Акс аз бойгонӣ
Ин паноҳҷӯён аз Афғонистон ба Юнон расидаанд. Роҳи онҳо ба ҷазираи Лесбос тавассути Туркия сурат гирифт. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 24 декабр дар натиҷаи чаппа шудани қаиқе дар обҳои баҳри Эгей, ки муҳоҷиронро ба Юнон интиқол медод, 16 нафар кушта шуд. Ба иттилои сарҳадбонон, қаиқ дар фосилаи 8 км то соҳил бо 80 мусофираш чаппа шуд ва 62 нафари онҳо наҷот ёфтанд. Наҷотбахшон гуфтанд, ки шабонгоҳ амалиёти ҷустуҷӯи ғарқшудаҳоро ба роҳ монданд. Дар чанд вақти ахир дар натиҷаи ғарқ шудани киштиву қаиқҳо бо паноҳҷӯён дар обҳои баҳри Эгей 30 нафар кушта шудааст. Рӯзи 23 декабр вақте дар 200-километрии шаҳри Атен як киштӣ ба кӯҳе бархӯрд, 11 нафар кушта шудаву 90 нафар наҷот ёфтанд.

Юнон яке аз маъмултарин роҳҳои паноҳҷӯён аз кишварҳои Африқову Осиё ва Ховари Миёна мебошад. Ин гурӯҳи паноҳҷӯён дар талоши зиндагии беҳтар дар Иттиҳоди Аврупо ба Юнон мераванд. Ба ҳисобҳои UNHCR, аз январ то ноябри имсол 2500 нафар ҳангоми талоши расидан ба Аврупо дар обҳҳои баҳр ғарқ шуданд.

XS
SM
MD
LG