Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, дар Русия нерӯи корӣ намерасад. ВИДЕО


Владимир Путин, президенти Русия
Владимир Путин, президенти Русия

Владимир Путин, президенти Русия дар нишасти солонаи хабариаш гуфт, дар кишвар “нерӯи корӣ намерасад”.

Ӯ гуфт, бинобар мушкили демографӣ аҳолии қобили меҳнат дар Русия кам шудааст. Ба қавли ӯ, дар ҳудуди бузурги Русия 146 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки ин кам аст. Аз ин ҳисоб, ба таъкиди ӯ, танҳо 81 миллион нафар қобили кор ҳастанд, ки ин вазъ норасоии қувваи кориро ба вуҷуд овардааст.

“Мо бояд ҷиддан аз соли 2024 то 2030 аҳолиро афзоиш диҳем. Ин як омили боло рафтани иқтисод хоҳад шуд”,--гуфт ӯ.

Владимир Путин ҳамчунин аз фаъолиятҳои ҳукумат дар самти рушди иқтисодӣ, мубориза бо СOVID-19 ситоиш кард. Нишаст дар замоне сурат мегирад, ки суолҳо дар бораи сафарбарии нерӯҳои зиёди Русия ба марзи Украина зиёдтар мешавад ва таниш байни ду кишвар авҷ мегирад.

Путин дар ин нишасти худ аз сохтумончиён ташаккур кард ва гуфт, ки дар соли 2021 дар Русия беш аз 80 миллион квадрат метр бино сохта шудааст. Ин нишондиҳанда, ба гуфтаи ӯ, рекордӣ аст. “Ман мехоҳам, ки ба ҳама сохтмончиён ташаккур гӯям”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар Маскав нишасти солонаи Президенти Русия Владимир Путин доир шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Дар сохтмонҳои Русия ҳазорон тоҷик кор мекунанд, ки аз шароити бад бархӯрдоранд. Солҳо боз Русия ҳеҷ коре барлои беҳбуди вазъи муҳоҷирон анҷом намедиҳад ва баръакс, хабарҳои нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон аз ин кишвар бештар мешавад.

Владимир Путин бо истифода аз нишасти хабарӣ саъй кард, нишон бидиҳад, ки талошҳои ҳукуматаш дар Русия барои мубориза бо пандемия натиҷа медиҳад ва иқтисод дар роҳи дуруст ҳаракат мекунад. Ӯ аз мардум хост, ки ваксина бигиранд. Ӯ гуфт: “Ба мо зарур аст, ки масунияти оммавӣ ҳосил шавад, то 80 дар сад ваксина бигиранд ва умедворам, соли оянда то поёни чаҳоряки аввал ва ё чаҳоряки дуввум ба ин ҷо бирасем.”

Русия мисли кишварҳои дигар даступо мезанад, ки пеши роҳи паҳн шудани COVID-19-ро бигирад, аммо бемайлии мардум аз ваксинзанӣ монеи ин кор шудааст. Ҳоло камтар аз 50 дар сади аҳолии 146 миллион нафарии Русия ваксина гирифтаанд, ҳарчанд кишвар пештар аз ҳама истифодаи ваксинаро дар ҷаҳон иҷоза дод. Коронавирус то ҳол дар Русия ба бештар аз 10 миллион нафар сироят карда ва 300 ҳазор нафарро куштааст.

Нишасти хабарии солонаи Владимир Путин аз пеш ва бисёр эҳтиёткорона омода шудааст ва онро як талоше барои тасаллути ӯ дар сиёсат дар Русия медонанд. Нишасти хабарӣ дар замоне сурат мегирад, ки Русия неруҳои зиёдеро ба сарҳади Украина сафарбар кардааст ва кишварҳои ғарбӣ нигаронанд, ки Маскав нияти ҳамла ба ҳамсоякишварашро дорад.

Амрико, Украина ва НАТО аз фиристодани тақрибан 100 ҳазор сарбоз ба наздикии нимҷазираи Қрим изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Русия онро аз Украина гирифта ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Владимир Путин дар ин нишаст гуфт, Русия аз кишварҳои Ғарб замонат мехоҳад, ки Украина ҳеч гоҳ узви НАТО намешавад. Ҳукуматҳои Амрико ва Русия гуфтаанд, ки моҳи оянда дар бораи масоили амниятӣ гуфтугӯ мекунанд.

XS
SM
MD
LG