Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ютуб саҳифаи Муҳаммадиқболи Садриддинро дубора боз кард


Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик
Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик

Шабакаи Ютуб саҳифаи "Ислоҳ Тв "-ро, ки ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик марбут аст, пас аз як рӯзи бастан, дубора боз кард.

Ютуб дар шарҳи ин гуфта буд, ки саҳифаро барои вайрон кардани қоидаҳои ин шабака, аз ҷумла раво дидани таҳқиру таҳдид, бастааст.

Мақомоти тоҷик борҳо дар расонаҳои давлатӣ соҳиби "Ислоҳ Тв"-ро ба барангехтани кинаву адоват ва таблиғи терроризм муттаҳам карда буданд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, соҳиби ин саҳифа рӯзи 21-уми декабр гуфт, ки дар ду рӯзи охир якбора аз даҳҳо нишона ба саҳифаи онҳо ҳамла шуда буд ва Ютуб маҷбур шудааст, ки то анҷоми таҳқиқ онро бандад. Ин саҳифа наздики 24 соат баста буд ва ба гуфтаи соҳибаш, пас аз посух додан ба иттиҳомот Ютуб онро дубора боз кард. Ӯ гуфт, ба Ютуб исбот карданд, ки ин саҳифа сиёсӣ аст ва иттиҳомот алайҳи он асос надорад.

“Ин кори мақомот аст, ки аз танқидҳои мо сахт асабӣ мешаванд, вале онҳо ба ҷойи бастани сомонаи мо бояд худу корашонро ислоҳ кунанд”,--гуфт ӯ.

Саҳифаи “Ислоҳ Тв” беш аз 150 ҳазор обуначӣ дорад. Дар он матлабҳои тунду бепарда ва зиддунақиз алайҳи мансабдорони тоҷик нашр мешавад. Мақомот ва бархе коршиносони рӯ ба давлат мегӯянд, дар наворҳои нашркардаи Муҳамммадиқболи Садриддин оддитарин одоби хабарнигорӣ ва ё як фаъоли сиёсӣ риоя намешавад. Ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки тариқи ин саҳифа бо нашри иттиҳомоти бофта мардумро алайҳи ҳукумат мешӯронад. Борҳо чанд нафарро барои ҳамкорӣ бо ӯ боздошт ва зиндон карданд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар Аврупо ба сар мебарад, мегӯяд, ҳама ҳарфҳояш воқеият доранд ва онҳоро санҷида нашр мекунад.

Дар расонаҳои давлатӣ ӯро борҳо интиқод кардаанд ва соли гузашта ба телефонҳои ҳамроҳ “СМС”-е ворид шуд, ки дар линки он аз Муҳаммадиқболи Садриддин интиқод мешуд.

“Инҳо бо бастану маҳдуд кардан ва фишор боиси он шуданд, ки теъдоди бинандагони мо зиёд шавад. Канали моро худи мақомот дар телевизиони давлатӣ ва тариқи "СМС"-ҳо реклама карданд. Пас аз “СМС” фиристодан якбора 70 ҳазор корбари мо дар Ютуб зиёд шуд”,--гуфт ӯ.

Сомонаи "Ислоҳ" бештар дар бораи камбудҳои мансабдорони тоҷику аъзои хонаводаашон ва мушкили сокинон матлаб нашр мекунад. Мақомоти тоҷик дар оғоз ӯро ба "қаллобӣ ба миқдори бузург" муттаҳам карда буданд. Додситонии кул моҳи июли имсол дар хабарномааш навишт, ӯ бо гуноҳи ифротгароӣ дар кофтукоб аст. Чизе, ки Муҳаммадиқболи Садриддин тасмими сиёсӣ ва ҳосили танқидҳояш аз мансабдорон медонад.

XS
SM
MD
LG