Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ба зидди яке аз фаъолони мухолифин ба муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон СМС фиристод?


Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири сомонаи "Ислоҳ" ва фаъоли мухолифин дар Аврупо

Ирсоли пайванди наворе аз як саҳифаи Ютуб ба садҳо муштарии ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон, ки дар он аз як фаъоли мухолифини тоҷик интиқод мешавад, вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Бархе онро роҳи нави бадномкунӣ бо истифода аз паёмрасонҳои мобилӣ номиданд, ки бори аввал дар Тоҷикистон таҷриба мешавад.

Аз рӯзи 14-уми декабр дар Тоҷикистон баъзе аз истифодабарандагони симкорти ширкатҳои мобилии “Тселл” ва “Бабилон” аз шумораҳои ношиносе бо навиштаи "Кӣ будани Муҳаммадиқболи Садриддин фош шуд!!!" ҳамроҳ бо пайванде аз як саҳифаи Ютубро дарёфт карданд.

Дар ин навор Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири сомонаи "Ислоҳ" ва фаъоли мухолифин дар Аврупо, айбдор шудааст. Худи ӯ муҳтавои наворро рад кард ва онро туҳмат дар посух ба интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон номид.

Баъзе аз корбарон гуфтанд, барои онҳо ин навор ва шахсияти мавриди интиқод дар он ноошно буд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, эҳтимол ин кор дар ҳамоҳангӣ бо ширкатҳои мобилӣ сурат гирифтааст.

"СПАМ"?

Дар ширкатҳои “Тселл” ва “Бабилон” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо ба ягон муштарӣ чунин паём нафиристоданд ва онро “спам” ё ҳарзаномаи дастҷамъӣ номиданд.

Шумораҳое, ки аз онҳо паёмак фиристода шудааст, 8-ададиянд ва дар асл бояд рақами ширкати мобилии Тоҷикистон (бидуни коди кишвар +992) на кам аз 9 адад бошад. Ҳангоми тамос бо шуморае, ки аз он паёмак омадааст, гуфта мешавад, “чунин рақам вуҷуд надорад”.

Хатари маъмулӣ шудани ин роҳ вуҷуд дошта метавонад, яъне ҳар касе хоҳад ҳар шахсро ба ин васила бадном мекунад.

Масъули яке аз ширкатҳои мобилӣ рӯзи 17-уми декабр бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳар муштарие, ки ба мо муроҷиат кард, гуфтем, ин спам аст ва накушоед”.

“Фиристодани паём озод аст ва ҳар кас бо як рақам метавонад ба сад ё ҳазор нафар СМС нависад. Агар он навор хилофи муқаррарот бошад, Ютуб пок мекунад. Аз рӯи қоида ширкатҳои мобилӣ ба мазмуни паёмакҳо ҷавобгар нестанд. Агар касеро ин паём нороҳат кардааст, бояд ба мақомот муроҷиат кунанд”,-- гуфт ин корманди ширкати мобилӣ, ки нахост номаш зикр шавад.

Аммо масъулони ин ду ширкати мобилӣ ба суоле, ки чӣ тавр садҳо рақами муштариён дастраси як нафар ё гуруҳе шудааст, то ин наворро фиристанд, посухи дақиқ нагуфтанд.

"ЁФТАНИ ФИРИСТАНДАИ ПАЁМ МУШКИЛ НЕСТ"

Маъмулан танҳо дар ҷашнҳои муҳим ширкатҳои мобилӣ бо фиристодани чунин паёмакҳои дастҷамъӣ муштариёнро табрик мекунанд. Гоҳе мақомоти расмӣ низ огоҳиҳои муҳимро аз ин тариқ ба мардум мерасонанд. Ба монанди Вазорати тандурустӣ, ки дар робита ба ҳамагирии COVID-19 чанд бор ба мардум паёми эҳтиёткорӣ фиристод ё Оҷонси зидди фасод, ки аз мардум даъват кард аз ҳолатҳои коррупсионӣ ба ин ниҳод хабар диҳанд.

Коршиносон мегӯянд, дар чунин ҳолат муассисаҳои тиҷоратӣ ё ниҳодҳои расмӣ аз ширкатҳои мобилӣ баста мехаранд, ки шеваи ирсоли паёми онҳо аз ин СМС, ки тоза сокинон дарёфт карданд, комилан фарқ мекунад.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз чунин паёмак изҳори бехабарӣ карданд ва ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин бора аз ягон шаҳрванд шикояте ба онҳо нарасидааст.

Асомиддин Атоев, коршиноси фанновариҳои иттилотӣ мегӯяд, пайдо кардани фиристанда сахт аст, аммо агар лозим шавад, пайдо мекунанд.

Ӯ мегӯяд, рақамҳои муштариёнро аз роҳҳои дигар низ имкони пайдо кардан вуҷуд дорад. Дар кишварҳои дигар, ба гуфтаи ӯ, бозори ба истилоҳ “сиёҳ”-и фурӯши рақамҳо ҳаст, ки ширкатҳои тиҷоратӣ онҳоро барои расонидани паёмҳои бозаргонӣ мехаранд ва Тоҷикистон низ истисно нест.

“Ин рақамҳо метавонанд сохта ва виртуалӣ бошанд. Тавассути барномаҳои махсус симкорти виртуалӣ месозанд. Аз кофтани ин ки дар пушти он кӣ ҳаст, мушкилро ҳал намекунад, аммо агар ба он саҳифаи Ютуб, ки наворашро фиристодаанд, назар кунед, маълум мешавад, кӣ инро кардааст”,-- гуфт ӯ.

БО ИН РОҲ ЧӢ МЕХОҲАНД?

Ин коршинос мегӯяд, чунин таҷриба дар гузашта дар Тоҷикистон набуд. Ба гуфтаи Атоев, фиристодани тарғибе тариқи паёмак ба телефонҳои мобилӣ муассиратрин роҳи тарғиб аст, ки мустақим ба ҳадаф мерасад. “Хатари маъмулӣ шудани ин роҳ вуҷуд дошта метавонад, ки ҳар касе хоҳад ҳар нафарро ба ин васила бадном кунад. Аз саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ё навиштаеро мешавад, ҳазф кард, вале вақт чунин паём вориди телефони мобилӣ мешавад, дигар онро нобуд карда намешавад ва соҳиби телефон хоҳ-нохоҳ як бор онро мебинад”, -- гуфт коршинос.

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо мегӯяд, зоҳиран ин як роҳи навест, ки тролҳои рӯ ба ҳукумат пайдо кардаанд. Ин рӯзноманигор гуфт, эҳтимол нерӯе дар дохили ҳукумат фаъолияти мухолифинро дар хориҷи кишвар хатари калон ҷилва медиҳад ва “барои тролҳо, ки фаъолияти берабту бемантиқ доранд, сарчашмаи маблағгузорӣ пайдо карда, аҳамияти худро дар ҳукумат муҳиму зарурӣ нишон медиҳанд.”

Мирсаидов афзуд, дар асл мухолифини тоҷик дар Аврупо аз воқеиятҳои дохили кишвар дур шудаанд ва он гунае, ки тролҳои ҳукуматӣ тасвир мекунанд, таъсири ҷиддие ба ҳаёти сиёсӣ надоранд. “Ин гуруҳ ба ҳар шева кор мекунанд, то муҳим будани худро нишон диҳад ва маош гирад. Ман мантиқе барои ҳамлаҳои сахтгирона ба мухолифинро намебинам, чун аксари мардуми кишвар аз фаъолияти онҳо бехабаранд ва аз тарси таъқиб дар дохил пуштибонӣ ҳам намекунанд. Тролҳо тарҳи мақомоти қудратӣ барои мубориза бо ифротгароист ва ин ниҳодҳо бо чунин ҳамлаву навиштаҳо ба ҳукумат паём медиҳанд, ки мухолифон хеле хатарноканд ва агар мо фаъол набошем, вазъиятро ноором мекунанд”, -- шарҳ дод ӯ.

Ин коршинос мегӯяд, ҳукумат низ, ки хонаводагӣ шудааст, аз ҳар падидаи нави интиқодӣ тарс дорад ва зоҳиран аз ҳар иқдоми саркӯбгароёна дар ин замина пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин маъракаҳоро мақомоти тоҷик дар минбарҳои байналмилалӣ мубориза бо ифротгароӣ унвон мекунанд.

Созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро барои саркӯби дигарандешон танқид мекунанд. Ба зидди аксар фаъолони дигарандеш, қабл аз он ки дар дохили Тоҷикистон парванда кушоянд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳои таҳдидомез ва беобрӯкунанда нашр мекунанд. Аз ҷумла, қабл аз боздошт нисбат ба Далер Шарипов, рӯзноманигори шинохта чунин матлабҳо нашр шуд. Баъдан ӯ бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт ва ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Ним соли ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба Маҳмурод Одинаев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ низ чунин матлабҳо нашр шуд. Моҳе пеш ӯро бо гумони “авбошӣ” дастгир карданд.

Наворҳои беобрӯкунанда нисбат ба Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли сиёсии тоҷик дар Аврупо дар ҳоле афзоиш ёфт, ки ӯ солҳои ахир аз сиёсати ҳукумат ва мансабдорон ба тундӣ интиқод мекунад.

Шарҳҳоро бинед (22)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG