Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти имомхатиб. Хутбаи намози ҷумъа. Шарҳи раҳбари "Ислоҳ". ВИДЕО


Масҷиди маҳаллаи “Нонвойи поён” дар шаҳри Кӯлоб

Кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон чаҳор нафар, аз ҷумла имомхатиби яке аз масҷидҳои калони шаҳри Кӯлобро боздошт кардаанд.

Маҳмадсодиқ Саидов, имомхатиби 28-солаи масҷиди маҳаллаи “Нонвойи поён” ба ҳамкорӣ бо Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ муттаҳам мешавад.

Наздиконаш мегӯянд, дар бораи боздошти имомхатиб маълумоти зиёд надоранд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Боздошти имом-хатиби масҷиди Кӯлоб бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири сомонаи “Ислоҳ”, ки имомхатиби масҷиди “Нонвойи поён” ба ҳамкорӣ бо ин сомона муттаҳам мешавад, иттиҳоми мақомоти Тоҷикистонро рад кард.

МАҚОМОТ: БА СОМОНАИ “ИСЛОҲ” МАТНИ ХУТБАРО РАВОН КАРДААСТ

Масъулони Дафтари матбуоти Кумитаи дин рӯзи 12-уми март бо тасдиқи боздошти ин рӯҳонӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Маҳмадсодиқ Саидов аз соли 2016 ба ин тараф имомхатиби яке аз масҷидҳои бузург ва қадимии Кӯлоб буд.

Дар Кумитаи дин гуфтанд, ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот, аз ин зиёд маълумот дода наметавонанд.

Як мақоми огоҳ аз қазия бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, имомхатиб ба ҳамкорӣ бо Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ муттаҳам мешавад.

“Аз ҷумла дар телефонаш мукотиба бо сомонаи "Ислоҳ" ва мудири он Муҳаммадиқболи Садриддин ошкор шуд. Чанд нусхаи мавъизаи намози ҷумъаро, ки Кумитаи дин таҳия кардааст, ба сомонаи "Ислоҳ" додааст. Ҳатто онро аз телефонаш тоза накардааст. Ба ғайр аз мавъиза, дар бораи чанд мавзуи дигар маълумот додааст,”--гуфт ин масъуле, ки аз тафтиши қазияи имомхатиб огоҳ аст.

"ГУФТАНД, КИ ҲАМААШРО ТАФТИШОТ МУАЙЯН МЕКУНАД"

Домулло Холмурод, руҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб ва падари имомхатиби дастгиршуда ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро баъд аз намози ҷумъаи 5-уми март боздошт карданд.

“Намози ҷумъаро хонданд. Гуфтанд, ки соати 4-и бегоҳ маҷлис аст ва аз ҳамонҷо бурдаанд. Гуфта буд, ки Душанбе меравам, мо ҳам фикр кардем, ки ҳамонҷо рафтагӣ аст. Пагоҳаш масъулин омаданд ва баъд фаҳмидем,”-гуфт Домулло Холмурод.

Падари Маҳмадсодиқ Саидов гуфт, дар бораи иттиҳоми алайҳи писараш эълоншуда маълумоти зиёд надорад.

Ӯ гуфт, “мегӯянд, ки гумони телефонӣ гап задан аст. Ба мо гуфтанд, ки ин гумон аст ва тафтишот маълум мекунад.”

Мақомот дар бораи боздошти имомхатиби масҷиди маҳаллаи “Нонвойи поён”-и шаҳри Кӯлоб ва иттиҳоми алайҳаш эълоншуда расман шарҳе надодаанд. Ба ин хотир дақиқ нест, ки худи имомхатиб Маҳмадсодиқ Саидов ҳангоми бозпурсиҳо чӣ гуфтааст ва иттиҳоми алайҳаш эълоншударо то куҷо қабул шудааст.

МУҲАММАДИҚБОЛ: ИМОМХАТИБ БО “ИСЛОҲ” ИРТИБОТ НАДОШТ

Мақомот гуфтанд, аз телефони Маҳмадсодиқ Саидов мукотибаашро бо Муҳаммадиқбол Садриддин, мудири сомонаи “Ислоҳ” пайдо кардаанд. Аммо мудири сомонаи “Ислоҳ” ин чизро рад карда гуфт, иртиботи Маҳмадсодиқ Саидов бо сомонаи “Ислоҳ” “асоси воқеӣ надорад.”

Ба гуфтаи Муҳаммадиқболи Садриддин, манбае, ки барои онҳо аз дохили Тоҷикистон қабл аз намози ҷумъа матни хутбаро мефиристад, дар озодӣ аст ва хутбаро хондааст.

“Тибқи маълумотҳое, ки аз Кӯлоб ба мо расид дар намози ҷумъа гӯё барои имомхатиб гуфтаанд, ки ҳамин хутбаеро ки бароятон фиристодагием, қироат кунед. Ӯ гӯё гуфта бошад, ки он чизе дар бораи Муҳаммадиқбол дар ин хутба омадааст туҳмат асту дуруғ аст ва ман инро намехонам ва хутбаро аз пеши худаш хонда, бо мардум суҳбат кардааст,”--афзуд Муҳаммадиқболи Садриддин.

Як суоле, ки баъд аз нашри хабари боздошти имомхатиб матраҳ шуд ин буд, ки чаро Муҳаммадиқболи Садриддин чанд ҳафтаи ахир матни хутбаи имомхатибҳоро пеш аз намози ҷумъа нашр мекард, аммо ин ҳафта матни таҳиякардаи мақомот барои имомхатибонро пешакӣ нашр накард.

Мудири сомонаи “Ислоҳ” дар посух ба ин суол гуфт, ин ҳафта низ пеш аз намози ҷумъа матни хутбаи таҳияшуда аз сӯи Кумитаи дин дар дасти ӯ буд, вале ба он хотир матнро нашр накард, ки дар ҳар хутба барои минтақаҳои кишвар “калимаҳои махсусе изофа шуда буд.”

“Дар ҳар хутба суханони махсусе буд, то ҳар хутбае ки ба “Ислоҳ” мерасад, ҳамон минтақаро рафта ҷустуҷӯ кунанд. Ба ин хотир ман аз нашри хутбаи имрӯза сарфи назар кардам, то инки боз кадомеро бурда бо иттиҳоми ҳамкорӣ зиндонӣ накунанд,”--гуфт Муҳаммадиқболи Садриддин.

Масъулини Кумитаи дин ин изҳороти мудири сомонаи “Ислоҳ”-ро рад карданд. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳама имомхатибон як матни хутба равон карда мешавад.

"Мавъиза аслан маводе нест, ки муҳри махфӣ дошта бошаду барои ошкор нашудани он Кумита иқдом кунад. Ҳолатҳое буданд, ки Кумита матни мавъизаҳоро дар сомонаи расмии худ нашр мекард ва агар лозим донад дар оянда ҳам нашр хоҳад кард. Яъне инҷо гап дар бораи чанд варақ мавъизаи тавсиявӣ намеравад, балки сухан дар бораи иртибот бо ташкилоти террористист, ки паёмади мушаххаси ҳуқуқӣ дорад",--гуфт Афшин Муқим.

ТАНҚИД АЗ 8 МАРТ-ФАРЗИЯИ ДИГАРИ БОЗДОШТ

Худдории мақомот аз шарҳи сабабҳои боздошти имомхатиби масҷиди маҳаллаи “Нонвойи поён” сарусадоҳои дигарро ҳам ба миён овардааст. Аз ҷумла як намозгузори масҷиди маҳаллаи “Нонвойи поён” ба Радиои Озодӣ гуфт, дар намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта Маҳмадсодиқ Саидов "Рӯзи модарон" дар 8-уми мартро танқид карда буд ва бисёриҳо мегӯянд, сабаби боздошташ ҳамин будааст.

Радиои Озодӣ феълан наметавонад мустақилона тасдиқ кунад, ки сабаби дақиқи боздошти рӯҳонӣ Маҳмадсодиқ Саидов кадом аст.

Имомхатиби дастгиршуда фарзанди Домулло Холмурод, яке аз руҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб аст. Домулло Холмурод пештар имомхатиби масҷиди маҳаллаи “Нонвойи поён” буд ва баъд аз ӯ фарзандаш Маҳмадсодиқ Саидов масҷидро роҳбарӣ мекард.

Дар гузашта боздошти имомхатибон аз сӯи мақомоти қудратӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ интиқоди зиёдеро ба миён оварда буд. Ин суол ҳам матраҳ шуд, ки вақте имомхатибон бо мувофиқаи мақомот таин мешаванд, чигуна мумкин аст онҳо боз бо созмонҳои мамнуъ ҳамкорӣ кунанд.

Дар баробари имомхатиби масҷид мақомот 3 сокини дигари Кӯлобро ҳам боздошт кардаанд. Дар бораи ин 3 нафар ҳанӯз иттилои дақиқ дар даст нест.

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG