Пайвандҳои дастрасӣ

"Толибон" гуфтанд, хадамоти паспортдиҳӣ барқарор шуд


Ин мард яке аз он шаҳрвандонест, ки интизори нав шудани шиносномааш нишастааст

Мақомоти “Толибон” гуфтанд, ки кори хадамоти паспортдиҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистонро аз сар мегиранд ва ин қарорро бархе ҳамчун умеди дастёбӣ ба санади расмӣ арзёбӣ мекунанд, ки барои сафар ваё тарки кишвар кардан зарур мебошад. Як мақоми раёсати вазорати дохилии “Толибон” рӯзи 18 декабр дар нишасти матбуотие дар Кобул хабар дод, ки аз фардо дар ин кишвар кори шиносномадиҳӣ шурӯъ мешавад. Баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар таърихи 15-уми август даҳҳо ҳазор сокини Афғонистон дар фикри тарки ин кишвар шуданд, вале бо сабаби надоштани шиноснома аз фурудгоҳ бозпас фиристода шуданд.

Шӯъбаи шиносномадиҳии “Толибон” дар Кобул моҳи октябр барои кӯтоҳмуддат боз шуд, вале вақте дастгоҳҳои таҳияи паспортҳои биометрӣ шикастанд, кори ин хадамот ҳам қатъ шуд. Аламгул Ҳаққонӣ, як намояндаи мақомоти паспортдиҳии “Толибон” рӯзи шанбе эълон кард, ки “тамоми мушкилоти техникӣ ҳал шудааст”. Ӯ гуфт, ки дар навбати аввал бартарият дар додани паспортҳо ба онҳое дода мешавад, ки пеш аз моҳи октябр аризаи худро супурда буданд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ барқарор шудани муқаррароти шиносномадиҳӣ аз ҷониби “Толибон”-ро ҳамчун як имтиҳон барои ин гурӯҳ арзёбӣ мекунад, чун мехоҳад бубинанд, ки то куҷо маъмурияти ин гурӯҳи ифротӣ барои берун рафтани шаҳрвандон аз кишвар ризоият медиҳад. Дар Афғонистон вазъияти иқтисодиву башарӣ то рафт бӯҳронӣ мешавад ва бисёриҳо агар ҳам фирории сиёсӣ набошанд, аз гуруснагиву фақр мехоҳанд фирор кунанд.

Ахиран Департаменти давлатии ИМА ба нашрияи The Wall Street Journal гуфт, ки 62 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон, ки мехоҳанд дар хоки ИМА паноҳанда шаванд, ҳанӯз ҳам дар ин кишвар боқӣ мемонанд. Ба иттилои амрикоиҳо, 33 ҳазор нафар барои берун рафтан иҷоза гирифтаанд ва метавонанд эвакуатсия ваё аз кишвар берун бурда шаванд.

XS
SM
MD
LG