Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси тоҷик барои "паст задани шаъну эътибор" барканор шуд


Толори додгоҳи олии Тоҷикистон
Толори додгоҳи олии Тоҷикистон

Эмомалии Раҳмон, президенти Тоҷикистон 15-уми декабр бо судури як фармон Шарифзода Азизҷон Шариф, раиси додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғдро аз вазифааш барканор кард.

Бино ба хабари дафтари матбуоти раисҷумҳур Шарифзода, бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мақомаш озод карда шудааст. Назари додрас дастрас нест ва маълум нест, ки ӯ чӣ амали хилофи қонун содир кардааст.

Чанд рӯз пештар аз ин Азизҷон Шарифзодаро бо гумони ришваситонӣ дастгир кардаанд.

Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додрас Шарифзода рӯзи 6-уми декабри имсол дар утоқи корияш, "ҳангоми гирифтани ҳазор доллар" боздошт шудааст.

Дар гузашта баъзе аз додрасҳоро бо айни иттиҳом ва асосан барои ришвагирӣ аз кор озод карда буданд.

Феълан дар Тоҷикистон беш чаҳорсад додрас кор мекунад. Дар даҳ соли охир беш аз 25 нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва сӯистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.

XS
SM
MD
LG