Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя фоидаи бештар гирифтааст


Як макази интиқоли барқ дар Тоҷикистон
Як макази интиқоли барқ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя 93,5 миллион доллар фоида гирифтааст.

Бино ба иттилоъи мақомоти бахши энержии кишвар ин маблағ нисбат ба як соли пеш 40,5 миллион доллар бештар мебошад.

Ниҳодҳои марбута маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқро ошкор накарда, танҳо таъкид менамоянд, ки он ба Афғонистон ва Узбекистон интиқол дода шудааст.

Тибқи омори расмӣ, дар ин муддат дар Тоҷикистон ҳудуди 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 5,7 дар сад бештар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз моҳи октябр ба ин тараф сокинони деҳот бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд, ҳарчанд дар бораи ҷорӣ шудани "лимит" расман эълон нашудааст.

"Барқи тоҷик" ваъда дода буд, ки то шурӯи фасли зимистон корҳои таъмириро ба анҷом расонда, мардумро пурра бо барқ таъмин хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG