Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон раиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Қирғизистон дар соли 2022 роҳбарии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба ӯҳда мегирад.

Ба иттилои сомонаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, чунин тасмим рӯзи 10 декабр дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё гирифта шудааст. Дар ҷаласаи рӯзи 10-уми декабр ҳамчунин дар мавриди таъсиси низоми ягонаи транзити гумрукӣ дар Иттиҳоди иқтисодӣ созиш ҳосил шудааст.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Бишкек баргузор хоҳад шуд. Дар соли 2021 роҳбарии Иттиҳодро Қазоқистон бар уҳда дорад.

Иттиҳоди мазкур дар соли 2010 таъсис шуда, ибтидо Белорус, Қазоқистон ва Русия узви он буданд. Дар соли 2015 Арманистону Қирғизистон ба узвият пазируфта шуданд.

XS
SM
MD
LG