Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Муратов: "Мо давои зидди зулм ҳастем"


Дмитрий Муратов
Дмитрий Муратов

Дмитрий Муратов ва Мария Ресса, барандагони ҷоизаи имсолаи сулҳи Нобел, аз қувват гирифтани ҳукуматҳои худкома ва маҳдуд шудани озодии расонаҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон ҳушдор доданд.

Онҳо рӯзи 10-уми декабр ҳангоми гирифтани ҷоиза дар Осло гуфтанд, ин вазъ масъулияти гузоришдиҳии мустақил ва ҳимоят аз хабарнигорони ҳақиқатгӯро бештар мекунад.

Дмитрий Муратов, сардабири нашрияи "Новая газета" ва Мария Ресса, муассиси сомонаи "Rappler" барои ҷасораташон дар мубориза барои озодии баён дар Русия ва Филиппин ҷоизаи сулҳи Нобелро ба даст овардаанд.

"Бале, мо дандонҳои тез ва чанголи қавӣ дорем," – гуфт Муратови 59-сола дар суханронии худ дар Осло ва ҳамзамон афзуд, "вале мо шарти асосии пешрафт ҳастем, мо давои зидди зулм ҳастем."

Мария Ресса
Мария Ресса

Мария Ресса, муассиси Rappler, сомонаи хабарии интиқодӣ аз ҳукумати Филиппин, гуфт, барои зинда мондани журналистикаи мустақил бояд аз рӯзноманигорон ҳимояти бештар шавад. Вай инчунин афзуд, кишварҳо ба зидди давлатҳое, ки рӯзноманигоронро ҳадаф қарор медиҳанд, муқобилият кунанд.

Дмитрий Муратов гуфт, рӯзноманигорӣ дар Русия "аз як дараи торик" мегузарад ва беш аз сад рӯзноманигору расона, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар он кишвар "агенти хориҷӣ" номида шудаанд.

"Дар Русия ин ибора ҳамвазни "душмани халқ" аст," -- гуфт Муратов ва ҷоизаи худро ба "тамоми ҷомеаи рӯзноманигорони таҳқиқотгар" ва ҳамкоронаш дар "Новая газета", ки ҷони худро аз даст додаанд, аз ҷумла Анна Политковская, бахшид.

Имсол 95 созмон ва 234 шахсият, аз ҷумла мунтақиди Кремлин Алексей Навалний; раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская ва фаъоли муҳитзистӣ аз Шветсия Грета Тунберг довталаби ҷоизаи Сулҳи Нобел буданд.

Соли гузашта Барномаи ғизои Созмони Милали Муттаҳид, идораи воқеъ дар Руми Итолиё барои муборизааш бо гуруснагӣ дар ҷаҳон барандаи ин ҷоиза шуданд.

Ба баранда нишони тиллоии ҷоизаи Сулҳи Нобел ва беш аз 1.4 миллион доллар дода мешавад.

Ҷоизаро соҳибкору саноатчии швед Алфред Нобел дар соли 1895 таъсис дода буд.

XS
SM
MD
LG