Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси "Бунёди рушди тибби хусусӣ" дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Табибони шифохонаҳои хусусии Тоҷикистон муттаҳид мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Дар Душанбе "Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон"-ро таъсис доданд. Дар нахустин ҷаласа рӯзи 9-уми декабр раҳбар ва раёсати даҳнафарии Бунёд интихоб гардид. Раҳбари созмони нав, Шамсиддин Қурбонов, мегӯяд, мушкилоти бахши хусусии тибби Тоҷикистон зиёд аст ва созмони нав бо ҳалли онҳо машғул хоҳад шуд.

Сарҳадҷон Бобоалиев дар яке аз беморхонаҳои хусусии пойтахт кор мекунад ва рӯзи 9-уми декабр ҳамроҳ бо беш аз 150 ҳамкасби худ аз асосгузорони “Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон” шуд. Ӯ сабаби таъсиси созмони ҷамъиятиро чунин шарҳ дод: “Яке аз проблемаҳои асосӣ рушди бахши хусусии тандурустӣ аст. Ташкили бунёд барои ҳалли мушкилиҳо муҳим аст. То ин дам як бунёде, ки ҳамаи моро муттаҳид кунад ва мо аз якдигар бохабар бошем, вуҷуд надошт.”

Ҳамин тавр кормандони бахши хусусии тандурустии Тоҷикистон соҳиби созмони худ шуданд ва бахши давлатӣ низ, зоҳиран, аз он пуштибонӣ мекунад. Ба қавли Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, “мақсади ҳамаи муассисаҳо, чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, расондани хадамоти дуруст бояд бошад. Мо дарк мекунем, ки мардум бо чӣ қадар азобу уқубат барои гузарондани ташхисҳои тиббӣ ё табобат ба хориҷа мераванд, пули зиёд сарф мекунанд. Ҳоло он ки ҳамон ташхисҳо дар мо ҳам гузаронида мешавад.”

Рушди бахши хусусии тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин ба бархӯрди аҳолӣ ба он низ бастагӣ дорад. Сокинон ҳарчанд сифату шароити онро ситоиш мекунанд, аз нархҳои баландаш шикоят доранд.

“Ман дар бисёре аз беморхонаҳои хусусӣ гаштам. Ҳаминро мушоҳида кардам, ки онҳо ба мардуми камбағал раҳм надоранд”, -- гуфт яке аз роҳгузарон. Бунафша Шарифова, сокини дигари Душанбе, гуфт, “барои ман беморхонаҳои хусусӣ беҳтар аст, дар он ҷо мутахассисони хуб кор мекунанд.”

“Баъзе аз беморхонаҳои хусусӣ пас аз ба итмом расидани муолиҷаи бемор дигар ӯро суроғ намекунанд. Беҳбудии шаҳрвандро ба зиммаи худ намегиранд. Барои ҳамин, ба шифохонаҳои давлатӣ меравам”, -- гуфт Ифтихор Раҷабзода, сокини пойтахт.

Дар Тоҷикистон 726 муассисаи хусусии тиббӣ сабт шудааст. Кормандони ин муассисаҳо ибрози умед мекунанд, ки иттиҳодияи нав кори онҳоро осон ва дахолати давлатро ба умурашон камтар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG