Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Узбекистон бояд ваъдаҳояшро дар мавриди ҳуқуқи инсон иҷро кунад


Ҳю Вилямсон, намояндаи Human Rights Watch. Акс аз соли 2012
Ҳю Вилямсон, намояндаи Human Rights Watch. Акс аз соли 2012

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Тошканд даъват кард, ки дар ивази ифтихор кардан аз интихоби намояндааш ба ҳайси муовини Шӯрои Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон, ислоҳоти воқеӣ анҷом диҳад.

Ҳю Вилямсон, як масъули HRW, гуфт, "таъйин шудан ба ин мақом ба маънои он нест, ки кишварҳои худкомаи Осиёи Марказӣ дар дохил ва ё хориҷ ба ҳуқуқи инсон арҷ мегузоранд".

Моҳи январи имсол Узбекистон ба узвияти комилҳуқуқи Шӯрои Амнияти СММ, барои солҳои 2021-2023, қабул шуд.

Шӯрои Амнияти СММ аз 47 кишвар иборат буда, ба таблиғу ҳифзи ҳуқуқи инсон дар саросари дунё масъул аст.

Вилямсон гуфт, ҳарчанд баъд аз соли 2016 дар Узбекистон тағйироти мусбате дар бахши ҳуқуқи инсон ва демократия рух додааст, дар ин кишвар ҳамоно мушкилоти ҷиддӣ мавҷуд аст.

Вай афзуд, Тошканд бояд, тавсияҳои коршиносони СММ-ро иҷро кунад. Ба гуфтаи Уилямсон, Узбекистон моҳи ҷорӣ тавсияи панҷ коршиноси шӯрои СММ-ро оид ба бозбинии қонун дар бораи дин нодида гирифтааст.

XS
SM
MD
LG