Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ҷобаҷо кардани нерӯҳои амрикоӣ дар хоки Украина барои пешгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Русия дар дастури кори ҳукумати ӯ нест ва ӯ умедвор аст, ки то рузи ҷумъа хабари баргузории мулоқотеро бо Русия ва дигар кишварҳои НАТО эълон кунад.
Ҷо Байден рузи чаҳоршанбеи 8-уми декабр дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, ки дар мулоқоти маҷозии дусоатаи худ бо Путин дар рӯзи сешанбе, ба ӯ гуфт, агар Русия ба Украина ҳамла кунад,"бо таҳримҳое рӯбарӯ хоҳад, ки то кунун надидааст". Ӯ афзуд, ки "мутмаин аст Путин ин паёмро дарёфт кардааст".
Президенти Амрико дар бораи таҳримҳои сахттари эҳтимолӣ шарҳи бештар надод, аммо хабаргузории "Рейтерз" қабл аз гуфтугуи раҳбарони ду кишвар аз қавли мақомҳои амрикоӣ гузориш дода буд, ки чунин таҳримҳо метавонад аз мубодилаи рубли русӣ ба доллар ва дигар асъори муҳими ҷаҳон, пешгирӣ кунад.
Украина дар чанд ҳафтаи ахир ва аз ҷумла рузи сешанбе -- чанд соат пеш аз мулоқоти онлайнии Байден ва Путин, дар мавриди афзоиши нерӯҳои Русия дар минтақаи марзии байни ду кишвар "ба теъдоди беш аз 92 ҳазор сарбоз" ва эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба хоки худ ибрози нигаронӣ кард.
Неруҳои Русия дар баҳор ва тобистони имсол ду размоиши калон дар минтақа баргузор карданд ва ҳар бор шумораи зиёде аз неру ва таҷҳизот дар онҷо боқӣ гузоштанд. Дар муқобил, Русия ҳар дафъа рад кард, ки нияти ҳамла ба Украинаро надорад ва гуфт, ки нерӯҳояш дар ин хати марзӣ танҳо барои "дифоъ" саф бастаанд.
Бо вуҷуди ин раванд, Ҷо Байден рузи чаҳоршанбе гуфт, ки ИМА вазифаи ахлоқӣ ва қонунӣ барои ҳимоя аз муттаҳидони НАТО дар сурати ҳамла ба онҳоро дорад, аммо ин уҳдадорӣ шомили Украина намешавад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳои русӣ низ гузориш додаанд, ки раиси ҷумҳури Русия ба ҳамтои амрикоии худ гуфтааст, ки Маскав умедвор аст нигарониҳояш дар мавриди пайвастани эҳтимолии Украина ба НАТО пас аз гуфтугӯи ӯ бо Ҷо Байден "шунида мешавад".
Ҷо Байден рузи чаҳоршанбе гуфт, ки умедвор аст, ки то рузи ҷумъа мулоқоти сатҳи боло бо Русия ва дастикам чаҳор ҳампаймони аслии НАТО барои "баҳс дар бораи ояндаи нигаронҳои Русия дар робита ба НАТО", эълон шавад.
Рӯзи чаҳоршанбе вазири корҳои хориҷии Бритониё низ гуфт, ки ҳуҷум алайҳи Украина аз сӯи Русия як "хатои стратегӣ" хоҳад буд ва аз Русия хост, ба тамомияти арзии Украина эҳтиром бигузорад.
Садри аъзами нави Олмон низ рузи чаҳоршанбе дар аввалин рузи кориаш дар ин мақом, нисбат ба "паёмадҳо"-и эҳтимолии ҳамлаи Русия ба Украина барои хати лулаи гази "Норд Стрим-2" ҳушдор дод.
Русия ҳудуди 3 моҳ қабл эълон кард, бунёди хати лулаи "Норд Стрим 2" байни ин кишвар ва Олмон ба поён расидааст. Содироти гази Русия ба Олмон аз тариқи ин лула қарор аст ду баробар шавад, вале ин тарҳ дар айни ҳол сабаби нигаронии Вашингтон ва бархе кишварҳои аврупоӣ шудааст.