Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Бозиҳои олимпии зимистона дар Чинро таҳрими дипломатӣ кард


Кохи Сафед рузи душанбеи 6-уми декабр эълон кард, ки Амрико аз фиристодани мақомоти расмии худ ба Бозиҳои олимпии зимистона-2022 дар Чин ба хотири "ҷиноятҳо"-е, ки ҳукумати ин кишвар алайҳи башарият анҷом додааст, худдорӣ мекунад.

Чанд руз қабл аз он Пекин таҳдид карда буд, ки таҳрими дипломатии Бозиҳои олимпии зимистона-2022, бо вокуниши онҳо рубару хоҳад шуд. Ин таҳдид ба суханони Ҷо Байден, президенти Амрико буд, ки чанде пеш гуфт, ки дар ҳоли баррасии таҳрими ин бозиҳо ба хотири нақзи ҳуқуқи башар дар Чин, аз ҷумла ба гуфтаи Вашингтон, "наслкуши ақалияти мусалмон дар Шинҷон", аст.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, ки ин тасмим бо вуҷуди талошҳои ахир барои беҳтар шудани муносибатҳои Чин ва Амрико ва анҷоми як мулоқоти онлайнӣ миёни раҳбарони ду кишвар, робитаҳои бе ин ҳам тираи ду кишварро тиратар мекунад.

Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед, рузи душанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, "ҳукумати Байден ба хотири наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар минтақаи Шинҷон ва дигар мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар, ҳеҷ намояндаи расмӣ ё дипломатӣ ба Бозиҳои олимпӣ ва паратлимпии зимистонаи 2022 дар Чин, нахоҳад фиристод.

Вай афзуд, "фиристодани намояндаи расмӣ ё дипломатӣ ба ин мусобиқа ба маънои он хоҳад буд, ки мо нисбат ба амалкардҳои Чин дар нақзи ҳуқуқи башар ва ҷиноятҳо дар Шинҷон, бетафовут ҳастем ва бархурди оддӣ дорем, дар ҳоле ки чунин нест".

Хонум Псаки аммо дар айни ҳол таъкид кард, таҳрими дипломатии ин бозиҳо, ки шуморе аз аъзои Конгресси ИМА ва гурӯҳҳои пуштибони ҳуқуқи башар аз моҳҳо қабл дар пайи он буданд, таъсире ба ҳузури варзишгарони амрикоӣ нахоҳад дошт. Вай изҳор дошт, "варзишгарони дастаи ИМА аз ҳимояти комили мо бархӯрдор ҳастанд. Мо сад дар сад пуштибони онҳо ҳастем ва аз хона ташвиқашон мекунем".

Сафорати Чин дар Вашингтн то кунун вокунише ба ин тасмими нишон надодааст. Аммо чанд соат қабл аз эълони тасмими Амрико, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфта буд, ки дархости таҳрими ин бозиҳо рафтори "намоишӣ" аст, ки бояд мутаваққиф шавад, то бар ҳамкориҳои Чин ва ИМА дар арсаҳои муҳим таъсир нагузорад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳушдор дод, ки "агар ИМА ба ин рафтори худ идома биварзад, Чин низ даст ба иқдомоти мутақобил хоҳад зад".

Пекин мегӯяд, ки мухолифи сиёсӣ кардани варзиш аст, аммо пеш аз ин тимҳои варзишии амрикоиро ба иттиҳоми нақзи "хати сурх"-ҳои ҳукумати Чин муҷозот кардааст, аз ҷумла Анҷумани миллии баскетболи Амрикоро.

XS
SM
MD
LG