Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбари мухолифони Мянмар ба 4 сол зиндон маҳкум шуд


Аун Сан Сучи, раҳбари мухолифони Мянмар.
Аун Сан Сучи, раҳбари мухолифони Мянмар.

Додгоҳи Мянмар мушовири пешини давлатӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Сучиро чаҳор сол зиндонӣ кард. Ӯро дар иғвогарӣ ва риоя накардани маҳдудиятҳои марбут ба вабои коронавирус айбдор карданд.

Ин нахустин ҳукм нисбати Аун Сан Сучи аст, ки баъди сари қудрат омадани низомиён эълом мешавад. Нисбати Суч чанд парвандаи дигар, бо айбҳои гуногун, таҳқиқ мешавад.

Аун Сан Сучи 76 сол дорад. Дар соли 2016 вай ба курсии мушовири давлатӣ нишаст ва амалан ҳукумати Мянмарро роҳбарӣ мекард.

1-уми феврали соли ҷорӣ низомиён ҳукумати Аун Сан Сучиро сарнагун карданд. Роҳбари низомиён гуфт, ҳизби "Лигаи миллӣ барои демократия"-и Сучи дар интихоботи моҳи ноябри соли 2020 бо роҳи тақаллуб пирӯз шудааст. Охири моҳи июли соли ҷорӣ натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ бекор шуданд.

Баъди сари қудрат омадани низомиён дар Мянмар эътирозҳои мардумӣ ташкил шуданд. Ҳангоми пахши эътирозҳо бештар аз ҳазор кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG