Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании муҳоҷирони қирғиз ва узбек дар Маскав


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як гуруҳи муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистон ва Узбекистон дар ноҳияи Басмани Маскав занозанӣ кардаанд. Ба навиштаи "Коммерсант", ҳодиса 2-юми декабр дар кӯчаи ба номи Машкова рух додааст.

Пулис як рӯз баъд аз занозанӣ 11 нафар - 7 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 сокини Узбекистонро дастгир кардааст. Дар натиҷаи занозанӣ се кас осеб дидаанд. "Зидди гумонбарон бо банди майдаавбошӣ санад тартиб дода шудааст. Санҷиши пешакӣ идома дорад", - навиштааст "Коммерсант".

Канали телеграмии "Mash" иттилоъ додааст, ки зидди муҳоҷирон сокинони маҳаллӣ шикоят кардаанд. "Як гуруҳи муҳоҷирон саҳни бино ва гуруҳи дигар бомро аз барф тоза мекарданд. Дар натиҷа миёни онҳо низоъ бархост", - омадааст дар иттилоия.

XS
SM
MD
LG