Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Spirit of America" ва Сафорати ИМА ба мактаби афғонии "Сомониён" дар Душанбе кӯмак мекунанд


Як созмони ҷамъиятии амрикоӣ дар якҷоягӣ бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар як соли оянда ба мактаби афғонии "Сомониён" дар Душанбе беш аз 80 ҳазор доллар кӯмак хоҳанд кард. Ҳадаф аз ин кӯмак, ҳифзи ин ягонаи мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон ва идомаи фаъолияти он, гуфта шудаааст.

Дар пайи суқути ҳукумати пешини Афғонистон ва ба сари қудрат омадани Толибон, масъулини ин мактаб нигаронӣ карда буданд, ки бинобар мушкили молӣ, эҳтимол дорад ин мактаб аз фаъолият боз монад. Ин мактаб аз сӯи ҳукумати Афғонистон сармоягузорӣ мешуд. Мактаби "Сомониён" дар бинои хусусӣ ҷойгир буда, иҷораи моҳонаи он дувуним ҳазор доллар аст.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рузи 2-юми декабр бо нашри як иттилоия гуфт, ки бо кӯмаки беш аз 80-ҳазордолларии Созмони хадамоти шаҳрвандии "Spirit of America" ва Сафорат, ин муассисаи таълимӣ барои донишомузони афғон муқими Тоҷикистон, боз хоҳад буд. Созмони хадамоти шаҳрвандии "Spirit of America хароҷоти иҷора, ҳамлу нақли донишомӯзон, харидории мебел, таъмири ҷузъӣ ва дастрасӣ ба интернети мактаби "Сомониён"-ро пардохт мекунад.

Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби "Сомониён" бо қадрдонӣ аз ин кӯмаки "Spirit of America" гуфтааст, ки ин кӯмаки арзишманд воқеан зиндагии донишомузони онҳоро тағйир медиҳад.

Сафорати Амрико мегӯяд, ин кӯмаки молӣ илова ба ҳамкории "Spirit of America" ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳимоят аз се маркази ҷамъиятӣ дар Ваҳдат аст, ки бо забони англисӣ, фанноварӣ ва барномаҳои касбиро ба беш аз 2500 тоҷику афғон пешниҳод мекунанд.

Мактаби "Сомониён" ҳудуди 450 хонанда ва 30 омӯзгор дошта, пардохти ҳаққи хидмати коммуналӣ ва маоши муаллимон аз ҳисоби маблағи шартнома пешбинӣ шудааст. Таҳсил дар ин мактаб бо хат ва забони форсӣ, бар асоси барномаи таълими Афғонистон, сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG