Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани 18 кас аз таркиши газ дар Тошканд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Субҳи 29-уми ноябр дар натиҷаи таркиши газ дар хобгоҳи ширкати "Узмилл" дар ноҳияи Сергелии Тошканди Узбекистон сӯхтор ба амал омадааст.

Ба огаҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, ҳангоми таркиш дар маҳалли ҳодиса 43 корманд ҳузур доштанд ва 18 нафарашон ба беморхона интиқол дода шудаанд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки таркиш талафоти ҷонӣ дар пай дорад, ё не.

Барои муайян кардани сабабҳои рух додани ҳодиса бо раҳбарии муовини аввали додситони Тошканд гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис ёфтааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи нуқс доштани лӯла гази табиӣ дар дохили бино ҷамъ ва боиси сар задани таркиш шудааст.

XS
SM
MD
LG