Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин муроҷиати Мулло Охунд - раҳбари "Толибон"


Мулло Охунд
Мулло Охунд

Нахуствазири “Толибон” баъди беш аз се моҳи ғасби қудрат дар Афғонистон аввалин бор бо як суханрониаш аз худ дарак дод ва гуфт, ки ҳукуматаш хостори равобити нек бо кишварҳои дигар буда, аз паи ҳалли мушклоти иқтисодӣ мебошад. Ҳаммуассиси “Толибон” Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд дар як паёми садоӣ, ки рӯзи 27-уми ноябр дар телевизиони давлатӣ нашр шуд, дар бораи масоили зиёд сӯҳбат кард. Суханронии ӯ 30 дақиқа давом кард ва ӯ гуфт, “Мо тамоми кишварҳоро итминон медиҳем, ки ба корҳои дохилии онҳо дахолат намекунем ва хостори робитаҳои хуби иқтисодӣ бо онҳо ҳастем”. “Толибон” баробари тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико қудратро дар ин кишвар ба дасти худ дароварданд ва Мулло Охунд гуфт, ки “Толибон” ваъдаи худро иҷро карданд, ки он ҳам берун кардани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва ташкили ҳукумати исломӣ буд.

“Толибон” ҳоло дар талоши ин ҳастанд, ки баъди ду даҳсола ҷангҳову рӯёрӯиҳо як маъмурияти амалкунандае бисозанд. Ин кишвар ҳоло бо як бӯҳрони бисёр сахти молӣ, беқурбшавии пули миллӣ, бекорӣ ва ҳам иқтисоди варшикаста даст ба гиребон аст. Мулло Охунд дар муроҷиат ба ҷомеаи байналмилалӣ дархост кард, ки дар чунин шароит ба Афғонистон кӯмак кунанд.

XS
SM
MD
LG