Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ анҷом ёфт


Интихоботи порлумонии 28-уми ноябр дар Қирғизистон такрори интихоботи соли гузашта аст, ки натиҷаҳояш бекор шуда буд.
Интихоботи порлумонии 28-уми ноябр дар Қирғизистон такрори интихоботи соли гузашта аст, ки натиҷаҳояш бекор шуда буд.

Сандуқҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии 28-уми ноябр дар Қирғизистон баста шуданд.

Кумитаи марказии интихобот хабар дод, ки беш аз 30 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд. Ҳанӯз ин натиҷаи ниҳоӣ нест ва шумориши афроде, ки ба овоздиҳӣ рафтаанд, давом дорад.

Таҳлилгарон аз ин пеш гуфта буданд, ки эҳтимол шумораи камтари сокинон ба интихобот биоянд, чун дар ин кишвари Осиёи Марказӣ дар як сол бори чорум аст, ки интихобот баргузор мешавад.

Чанд рӯз пеш аз баргузории интихобот мақомот эълон карданд, ки 15 нафарро барои омодагӣ ба табаддулот боздошт кардаанд.

Эътирози сокинон дар Қирғизистон дар ду даҳсолаи ахир се бор боиси барканории раҳбарони кишвар шудааст. Соли гузашта низ пас аз эътирози сокинон, ки интихоботро ношаффоф медонистанд, Сооронбой Ҷеенбеков, президенти вақти кишвар аз мақомаш истеъфо дод. Содир Ҷабборов, ки дар пайи эътирозҳо аз зиндон раҳо шуд, президенти ин кишвар гардид.

Ҷабборов дар як райъпурсӣ конститутсияро тағйир дод, ки ба президент салоҳиятҳои бештар медиҳад. Инро мухолифон ғасби қудрат номиданд.

Интихоботи рӯзи 28-уми ноябр такрори интихоботи моҳи октябри соли гузашта аст, ки пас аз эътирозҳо натиҷаҳои он бекор шуда буд.

Дар интихоботи навбатӣ 21 ҳизби сиёсӣ барои 90 курсии порлумони Қирғизистон мубориза карданд.

XS
SM
MD
LG