Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони сафорати Тоҷикистон ба Иркутск рафтаанд, мушкили муҳоҷирон сабук мешавад?


Иркутск
Иркутск

Як гуруҳ аз намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия барои таҳқиқи боздошти се муҳоҷири тоҷик ба Иркутск рафта, аммо аз ҷониби мақомоти ин вилоят қабул нашудаанд. Мақомоти Русия дар пайи оташ зада шудани вагони зисти муҳоҷирон дар деҳаи Заларии вилояти Иркутск, ки боис ба марги ду нафар шуд, се шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд. Наздикони онҳо розӣ нестанд.

Рӯзи 25-уми ноябр дар сафорати Тоҷикистон сафари як гуруҳ аз намояндагонро ба Иркутск тасдиқ карданд, вале масъалаи суҳбат бо мақомоти вилоятро шарҳ надоданд.

Як манбаи огоҳ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳайати сафорат ду рӯз талош кардааст, бо мақомоти тафтишотии вилояти Иркутск дар мавриди қазияи муҳоҷирон суҳбат кунад. "Мақомоти Русия то кунун барои суҳбат ҳозир нашудаанд," -- афзуд ӯ.

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, "ҳайат дар доираи ваколатҳои худ кор мекунад", вале мушаххас намегӯянд, бо кӣ вохӯрданд ва чӣ кор карданд.

Манбаи мо илова кард, ки "мақомоти тоҷик фаҳмидан мехостанд, се муҳоҷир бар асоси чӣ боздошт шудаанд. Дар асл онҳо ҷабрдидаанд. Онҳое бояд ба "қасди куштор" гумонбар мешуданд, ки вагони муҳоҷиронро оташ заданд. Ҳанӯз ҳам ҳайати сафорат дар Иркутск ҳастанд ва талоши суҳбат доранд."

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, сафорати Тоҷикистон дар ин робита ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия муроҷиат кардааст.

Мавлуда Содиқова: Писари авбош тарбия накардаам

Дар ҳодисаи шаби 12-уми ноябр Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, сокинони ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ҳалок шуданд. Мақомот се муҳоҷири дигар, Қурбонмад Содиқов ва Далер Ҳасановро ба гумони "қасди куштор" ва Ҷумъабой Искандаровро ба гумони "авбошӣ" боздошт карданд. Аз ҷониби сокинони маҳаллӣ танҳо як нафар боздошт шудааст.

Ҷанҷол миёни муҳоҷирон ва сокинони маҳаллӣ рӯзи 12-уми ноябр дар назди мағоза оғоз шудааст. Сипас, як гурӯҳ шабона вагони зисти ҳафт муҳоҷири тоҷикро оташ задаанд. Аз ин рӯ, аксарият боздошти муҳоҷиронро баръакси воқеият дониста, аз мақомоти тоҷик хостаанд, ба муҳоҷирон кумак кунанд.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск гуфт, бо тамоми шоҳидони ҳодиса суҳбат карда, ба ин хулоса расид, ки “боздошти се муҳоҷир ноодилона аст”. Мақомоти Русия расман шарҳе надодаанд.

Муҳаммадсолеҳ Искандаров, падари Ҷумъабой Искандаров, яке аз муҳоҷирони дастгиршуда гуфта буд, мақомоти рус аз бечорагӣ ва дасткӯтаҳии онҳо суистифода доранд.

Мавлуда Содиқова, модари Қурбонмад Содиқов, яке аз муҳоҷирони боздоштушда, рӯзи 25-уми ноябр гуфт, писараш ба ин ҷанҷол рабт надорад. “То 14-уми ноябр дар озодӣ буд ва ҳеч нигаронӣ надошт. Агар гуноҳе медошт, метарсид. Мегуфт, ҳама хуб аст ва моҳи декабр ба ватан меоям. Ман муаллима ҳастам, писари авбош тарбия накардаам,” -- гуфт ӯ.

Ҳамасола беш аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Боздошт ва ҳамла ба муҳоҷирон зуд-зуд рух медиҳад. Созмонҳо ва мудофеони ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар аксар маврид парвандаҳои муҳоҷирон дуруст тафтиш намешавад.

Соли гузашта тобути 300 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан овардаанд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG