Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар Душанбе 3 касро аз дохили лифти дармонда наҷот доданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода се нафарро дар Душанбе аз дохили лифти дармонда наҷот додаанд. Дар хабарномаи Кумита омадааст, ҳодиса нимарӯзи 23-юми ноябр дар яке аз биноҳои баландошёнаи кӯчаи Саъдии Шерозӣ рух дод. Ба гуфтаи манбаъ, се сокини ин бино баъди бозгашт ба хона дар дохили лифт дармонданд ва як соат дар дохили он монданд. Наҷотдиҳандагони Кумита дар зарфи 15 дақиқа дари лифтро боз кардаанд ва шаҳрвандонро берун карданд. Аҳволи онҳо ба гуфтаи масъули Кумита хуб аст ва ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд. Ин ягона ҳодиса дармондани сокинони пойтахт дар дохили лифт нест. Қаблан низ шикоятҳои зиёде дар бораи хуб кор накардани лифтҳо дар баландошёнаҳои пойтахт расонаӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG