Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба пизишки тоҷик дар Русия ҷоиза дод


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба як табиби тоҷик барои саҳмаш дар мубориза бо коронавирус ордени ба номи Пироговро тақдим кардааст. Духтури кӯдакона, Сурайё Абдуллоева, 35 сол собиқаи корӣ дорад ва дар бемористони марказии ноҳияи Шатури вилояти Маскав фаъолият дорад. Ордени Пирогов барои корнамоиҳо ҳангоми ироаи кумаки тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаву хатарнок, эпидемия ва амалиёти ҷангӣ ба табибони Русия дода мешавад.

XS
SM
MD
LG