Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Туркия пас аз уфти арзиши лира


Дар пайи коҳиши шадиди арзиши пули милии Туркия, даҳҳо нафар дар Анқара ва Истанбул дар эътироз ба идомаи уфти арзиши лира, ба хиёбонҳо баромаданд.

Рузномаи "Ҷумҳурият"-и Туркия гузориш додааст, ки даҳҳо нафар рузи сешанбе дар яке аз хиёбонҳои пуриздиҳоми Анқара -- пойхтахти Туркия даст ба роҳпаймоӣ заданд ва Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ба нотавонӣ дар идораи умури иқтисодӣ муттаҳам карданд ва хостори истеъфои ҳукумати ӯ шуданд.

Дар бархе аз наворҳое, ки рузи сешанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, эътирозгарон шиор медоданд, ки ҳизби ҳокими "Адолат ва рушд" ба истеъфо равад. "Мо дар ҳоли ғарқ шудан ҳастем", "Ҳукумат истеъфо" ва "Мо тавон надорем, ки зиндагии худро таъмин кунем", аз ҷумлаи шиорҳои ин эътирозгарон буданд.

Дар ҳамин замина, тибқи гузориши шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Истанбул пулис барои пешгирӣ аз таҷаммуи эътирозгарон дар майдони "Тақсим", роҳҳоро бастааст.

Арзиши пули миллии Туркия дар баробари доллари амрикоӣ рузи сешанбе ба 13,45 лира уфт кард, вале баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ каме ҷуброн шуд ва ба 12,51 лира расид. Расонаҳои байналмилалӣ мегӯянд, ин дувумин коҳиши шадиди арзиши лира дар таърихи Туркия аст.

Аз ибтидои соли ҷорӣ пули миллии Туркия ҳудуди 40 дарсад арзиши худро аз даст додааст. Раҷаб Таййиб Эрдуғон ахиран аз тасмими коҳиши нархи суд ё фоидаи бонкӣ дифоъ кард ва гуфт, кишвараш бо вуҷуди ҳамаи интиқодҳо, дар "ҷанги иқтисодӣ" баранда хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", Бонки марказии Туркия аз моҳи сентябри соли ҷорӣ то кунун қимати суд ё фоидаи бонкиро 4 дарсад коҳиш додааст, ки ин амр нигаронҳоро афзоиш додааст. Бисёре аз иқтисоддонҳои Туркия ин тасмими ҳукуматро "иқдоме ғайримасъулона" хонда ва ҳизбҳои мухолифи ҳукумат хостори баргузории интихоботи пеш аз муҳлат шудаанд.

Раиси ҷумҳури Туркия аз соли 2019 то кунун се раиси Бонки марказии ин кишварро барканор кардааст.

Коршиносони байналмилалӣ ҳам ҳушдор медиҳанд, ки агар уфти арзиши лира идома кунад, бисёре аз мардум тарҷеҳ хоҳанд дод, ки пасандозҳои худ ба долларро аз системаи бонкӣ хориҷ кунад ва дар ин сурат ин кишвар бо як буҳрони пулии ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG