Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбанди як обанбор дар Қазоқистон рахна шудааст


Аз бойгонӣ
Аз бойгонӣ

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки сарбанди обанбори Книжев дар вилояти Алматои он кишвар рахна шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳодисаи мазкур шоми якшанбе, 21-уми ноябр, дар минтақаи наздики деҳаи Мнбоеви ноҳияи Ҷамбили вилояти Алмато рух додааст.

“Об ба манзили сокинон осеб нарасонида ва касе ҳам зиён надидааст”, -- гуфт Талгат Уалӣ, намояндаи расмии вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон. "Ҳаҷми об кам мешавад. Дар ҳоли ҳозир хатаре таҳдид намекунад", - иттилоъ дод вазорат.

Обанбори мазкур бо ғунҷоиши 4,47 миллион метри мукааб об, дар ҳоли ҳозир 50 дарсад захира дорад. Паҳноии рахна 5-6 метрро ташкил медиҳад ва дар як сония тақрибан то 30 метри мукааб об аз он хориҷ мешавад.

XS
SM
MD
LG