Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австрия маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро баргардонд


Тазоҳурот дар Австрия
Тазоҳурот дар Австрия

Дар ҳоле ки беназмӣ ва эътирозҳо ба зидди маҳдудиятҳои нав дар баъзе аз кишварҳои аврупоӣ ҷараён дорад, Австрия рӯзи 22-юми ноябр маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро баргардонд.

Мақомот ба сокинони Австрия гуфтаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд. Ба онҳо танҳо ба кор рафтан ва харидани маводи зарурӣ иҷозат аст.

Дари тарабхонаву сартарошхонаҳо, театрҳо ва баъзе аз дӯконҳо баста мемонанд.

Маҳдудиятҳо то 12-уми декабри имсол идома хоҳанд кард. Мақомот гуфтаанд, пас аз даҳ рӯз вазъро дубора баррасӣ мекунанд.

Бозгашт ба маҳдудиятҳо вокуниши сахти мардумро ба бор овард ва боиси эътирозҳо шуд. Дар охири ҳафтаи гузашта беш аз 30 ҳазор кас ба кӯчаҳои Вена, маркази Австрия, баромаданд.

Дар гӯшаҳои дигари Аврупо, аз ҷумла Ҳолланд ва Белгия, тазоҳуроти хушунатомез баргузор шуд. Рӯзи 21-уми ноябр тақрибан 35 ҳазор кас алайҳи маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус дар Белгия ҷамъ шуданд.

XS
SM
MD
LG