Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Бердимуҳаммадов хоҳарзодаашро муовини раиси бонк таъин мекунад


Шомурод Раҷабов
Шомурод Раҷабов

Хоҳарзодаи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистонро ба мақоми муовини раиси Бонки давлатии фаъолияти иқтисоди хориҷии Туркманистон омода мекунанд.

Як манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи таъини Шомурод Раҷабови 36-сола ба мақоми мазкур "усулан ҳал шудааст".

Барои Раҷабов дар бинои бонки мазкур утоқи навро таъмир ва омода кардаанд. Аммо кормандони бонк аз он нигаронанд, ки мумкин аст, хоҳарзодаи президент бисёриҳоро аз мақом барканор кунад.

Шомурод Раҷабов писари Дурдинабот Раҷабова, хоҳари президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аст.

Бино ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Шомурод ҳамроҳ бо бародари калонаш Ҳоҷимурод саноати кимиёии Туркманистонро зери назорат доранд.

Ин ду бародар дар хориҷ аз Туркманистон ширкат ташкил карда, қисми асосии нуриҳои минералиро аз Туркманистон ба хориҷ мебаранд.

Рӯзноманигорон ҳамчунин муайян карданд, ки ба тиҷорати бародарон тағои онҳо, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, бо имзо кардани қарорҳои зарурӣ ёрӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG