Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирон дар Душанбе аз ҳамкорӣ ва вазъи Афғонистон гуфтанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ба ислоҳот даъват доранд. ВИДЕО


Шаҳри Душанбе, 22-юми ноябри 2021

Вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 22-юми ноябр дар Душанбе равобити байниҳамӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба поён додан ба нақзи ҳуқуқи башар ва анҷоми ислоҳот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват доранд.

Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар оғози нишасти Душанбе гуфт, “вазъ дар Афғонистон бархӯрди навро ба амнияти минтақаӣ талаб мекунад.” Ӯ афзуд, “масъалаҳо (байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ) зиёд аст, аммо вазъи ҳозираи Афғонистон аз мо тақозо мекунад, ки аввал онро ҳал кунем.”

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфтааст, мушкилиҳои Афғонистон “чораҳои таъхирнопазири моро талаб мекунанд.”

Гуруҳи “Толибон” моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт ва “аморати исломӣ”-и худро эълон кард. Ҳарчанд то кунун ҳеч кишваре ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст, аксар кишварҳои минтақа, ба истиснои Тоҷикистон, бо намояндагони он мулоқот доштанд.

Тоқаев ба Брюссел меравад

Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар нишасти Душанбе гуфт, моҳи октябри имсол бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел вохӯрд. Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаи оянда Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, низ ба Брюссел меравад ва дар пайи он сафари президенти Қирғизистон дар назар аст.

Ҷозеф Боррел
Ҷозеф Боррел

“Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ зуд-зуд ба Брюссел меоянд ва ман аз ин ташаккур мекунам. Бовар дорам, ҳамкориҳои байниминтақавии мо тақвият меёбанд. Умед дорам, дар бораи ояндаи ҳамкориҳо имрӯз табодули назари ошкоро хоҳем дошт,” – гуфт Ҷозеф Боррел.

Ин нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ аст. Нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳар сол баргузор мешавад.

Эъломияи хулосавии нишасти Душанбе ҳанӯз пахш нашудааст. Дақиқ нест, ки вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба чӣ созишҳое даст ёфтанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нишасти вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00

Талаби ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо

Дар назар аст, сафари ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон то рӯзи 24-уми ноябр давом кунад. Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 22-юми ноябр бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти алоҳида хоҳад дошт. Ӯ дар поёни рӯз бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дидор мекунад.

Дар ҳамин ҳол, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) қароргоҳаш дар Ню-Йорк, аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, кишварҳои Осиёи Марказиро барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи башар ва анҷоми ислоҳот зери фишор гузорад.

Ҳю Вилямсон, масъули созмон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар баёнияе гуфт, "баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вокунишҳои ҷаҳонӣ ба буҳрони Афғонистон нақши муҳиме мебозанд, аммо нигарониҳо аз нақзи ҳуқуқи башар дар дохили ин кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад".

Ба гуфтаи ин гурӯҳ, ваъдаҳои ислоҳот дар кишварҳое ба монанди Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон мутаваққиф шуда ё ба таъхир уфтодааст ва вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва Туркманистон бадтар мешавад.

Инчунин, чаҳор созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Озодии АвруОсиё, Бунёди Бузургмеҳр Ёров ва Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо хостаанд, аз мақомоти Тоҷикистон озодии Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллои Розиқро аз ҳуҷраи ҷаримавии зиндон талаб кунанд.

Зубайдуллои Розиқ ва Раҳматуллои Раҷаб, ду узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аввали ин моҳ ба ШИЗО (ҳуҷраи ҷаримавии маҳбас) андохта шудаанд. Ба гуфтаи пайвандонашон, ин кор ба хотири муроҷиати ин ду нафар ба президент рабт дорад. Масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия гуфтанд, онҳо низоми маҳбасро вайрон карданд.

Ҳанӯз дақиқ нест, ки намояндагони Иттиҳоди Аврупо ҳангоми дидор бо мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои дигари минтақа дархости ҳомиёни ҳуқуқро дар миён гузоштаанд ва ё мегузоранд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG