Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони хориҷии ИА ва Осиёи Миёна дар Душанбе пушти дарҳои баста идома дорад


Нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо. Шаҳри Душанбе, 22-юми ноябри 2021
Нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо. Шаҳри Душанбе, 22-юми ноябри 2021

Нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ рӯзи 22-юми ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар нишаст вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Ютта Урпилан, узви Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ иштирок доранд.

Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ аз маҳалли баргузории нишаст дар "Кохи Сомон", ҷаласа пушти дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорон идома дорад. Гуфта мешавад, вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои асосии нишаст мебошад. Дар назар аст, нишаст то нисфирузӣ идома кунад ва дар бораи натиҷаҳои он изҳорот пахш шавад.

Сафари Ҷозеф Боррел, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон то 24-уми ноябр идома мекунад ва интизор меравад, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ мулоқот кунад. Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, Ҷозеф Боррел бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мулоқот хоҳад кард.

Ҳамоиши Душанбе 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳар сол баргузор мешавад.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шароите баргузор мешавад, ки нигарониҳо аз вазъи тағйирёбанда дар Афғонистон бештар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) мақараш дар Ню-Йорк аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки кишварҳои Осиёи Марказиро барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи башар ва анҷоми ислоҳот таҳти фишор қарор бидиҳад.

Ҳю Вилямсон, масъули ин созмон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар баёнияе гуфт, "бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вокунишҳои ҷаҳонӣ ба буҳрони Афғонистон нақши муҳиме мебозанд, аммо нигарониҳо аз нақзи ҳуқуқи башар дар дохили ин кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад".

Ба гуфтаи ин гурӯҳ, ваъдаҳои ислоҳот дар кишварҳое монанди Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон мутаваққиф шуда ё ба таъхир афтодааст ва вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва Туркманистон бадтар мешавад.

XS
SM
MD
LG