Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозича"-е, ки ҳафт кӯдаки афғонистониро бедасту по кард. ВИДЕО


Фоҷиаи дилрешкунандаи як хонавода дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Фоҷиаи дилрешкунандаи як хонавода дар Афғонистон

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, танҳо дар ним соли гузашта дар Афғонистон бештар аз 400 кӯдак кушта ва садҳо нафари дигари онҳо захмиву маъюб шудаанд.

Баъзеҳо дар ҷанг, теъдоде дар натиҷаи таркиши минаву бомбҳое, ки дар саросари Афғонистон кишту пароканда шудаанд.

Дар шаҳри Ҷалолобод 7 кӯдак аз як хонавода ё аз пой ё аз узви дигари бадани худ маҳрум шудаанд.

Даҳ кӯдак аз як оила дар роҳ ба сӯи мактаб, бомби нотаркидаеро бозича гумон карда, аз роҳ бардоштанд. Чизе, ки дар Афғонистон зиёд мебинед.

Бомб ҳам таркид, 7 нафар зинда монданд, вале ҳар кадоме аз як пой маҳрум шуданд. Як сол аст, ки саъй доранд, ҳаракату рафтанро ёд бигиранд.

Шафиқуллои 15-сола мегӯяд, "рӯзи таркиш, рӯзи бисёр бад буд. Ман бародарону хоҳаронамро оғушта дар хун дар рӯи замин дидам. Ҳоли оилаи мо табоҳ шуд.”

Мангали 11-сола, узви дигари ин оила нақл кард, ки “вақте таркиш рух дод, хостам, бархезаму хона биравам, вале дидам, ки як поям нест.”

Бачаҳо дар хона дарс мегиранд, вале барои имтиҳон бояд ба мактаб раванд. Роҳе, ки рафтанаш осон нест. Ҳангоми ҳаракат ба сабаби соиш бо пойи сунъӣ, пусташон обила мекунад. Ёдоварӣ аз воқеияти талх.

Робияи 10-сола мегяд, "ман вақте мебинам, ки духтарон ба мактаб мераванду ман мисли онҳо қадам зада наметавонам, ғамгин мешавам."

Ҷанг ҳанӯз ҳам инҷо идома дорад ва маълум нест, кай сулҳу оромӣ ба Афғонистон бармегардад. Даҳсолаҳои ҷанг сарзамини кишварро ба киштзори минаву бомбҳои кушанда табдил додааст.

Созмони Милал мегӯяд, дар 6 моҳи имсол дар Афғонистон 468 кӯдак куштаву бештар аз 1200 нафар маҷруҳу маъюб шудаанд. Мисли Шафиқуллои 15-сола, Абдурашиди 12-сола, Башири 12-сола, Мангали 11-сола, Амони 7-сола, Робияи 10-сола ва Марвои 6-сола, ки орзу доранд, фоҷиаи онҳо ба сари ҳамсолони дигарашон наояд.

XS
SM
MD
LG